Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти вижаи амниятӣ дар Кобул


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай дирӯз ба хотири баҳси силсилаи ҳамлаҳои хунини ду рӯзи пеши Толибон дар Кобул нишасти вижаи амниятӣ даъват кард. Дар пайи нишаст, дафтари Карзай гуфт, ки ӯ ба нирӯҳои амниятӣ барои дифоъ аз пойтахт изҳори сипос кардааст. Бо гузашти ду рӯз аз он ҳамалот, ки дасти кам 12 кушта ва беш аз 70 захмӣ ба ҷо гузошт, нирӯҳои амниятӣ дар Кобул ҳамчунон дар ҳоли омодабош қарор доранд. Толибон рӯзи душанбе қасри раёсатҷумҳурӣ ва чанд вазоратхонаву як меҳмонсаройи мӯҳташамро ҳадаф гирифтанд.
Нирӯҳои афғон бо кӯмаки мушовирон аз паймони низомии НАТО танҳо дар пайи 5 соати набардҳо тавонистанд тартиботро дар пойтахт барқарор кунанд.
XS
SM
MD
LG