Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 36 муҳоҷири тоҷику узбак дар Митишӣ


Маъмурони Хадамоти муҳоҷирати Русия дар ноҳияи Митишии вилояти Маскав 36 муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистону Узбакистонро боздошт кардаанд. Намояндаи ин хадамот Виталий Стрелтсов гуфтааст, ки ин муҳоҷирон дар як фермаи матрук дар наздикии рустои Сухарево коргоҳи нонпазӣ дуруст карда буданд ва нони лавош мепухтанд. Стрелтсов гуфтааст, ки муҳоҷирони боздоштшуда асноди тиббӣ ва муҷавизи кор надоштанд. Вале ҳанӯз рӯшан нест, ки оё ин корхонаи нонпазӣ ба худи муҳоҷирони боздоштшуда тааллуқ дошт ваё онҳо дар инҷо ба ҳайси коргари кироя кор мекарданд.
XS
SM
MD
LG