Пайвандҳои дастрасӣ

Аз роҳи сафар бозмондани 35 тоҷик дар Қазоқистон


Бино ба гузориши хабаргузории Каzakhstan Today, як автобуси ҳомили 35 мусофири тоҷик дар наздикии Семейи Қазоқистон ба далоили фаннӣ аз ҳаракат бозмондааст. Ин автобус дар масири Тароз –Новосибирск ҳаракат мекард.
Аҳли автобусро, ки дар миёни онҳо 5 зан ва 3 кӯдак низ будаанд, дар мактаби рустои Семеновка паноҳ дода, бо ғизову либоси гарм таъмин кардаанд.
Гуфта мешавад, ин афрод бо нияти кор роҳии Русия будаанд ва бухории автобуси онҳо дар роҳ дар ҳоле шикастааст, ки ҳарорати ҳаво дар Семей наздики 40 дараҷа зери сифр буд.
XS
SM
MD
LG