Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вахш" дар Ҷоми СНГ ҳамагӣ як хол ба даст овард


Тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппа – қаҳрамони футболи Тоҷикистон бозии севвумаш дар гурӯҳи “В” дар Ҷоми қаҳрамонҳои футболи Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ ва Балтикро бо тими ҲИК аз Финландия бо ҳисоби мусовии 1 бар 1 анҷом дод. Вале “Вахш” дар ниҳоят бо як хол дар ин гурӯҳ ҷойи охиринро ишғол кард ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуд.
Аз гурӯҳи “В” тимҳои “Оқтеппа”-и Қазоқистон ва ҲИК ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми СНГ роҳ ёфтанд. Дар ин давр ҳамчунин тимҳои “Рубин”-и Қазон, “Днепр”-и Днепропетровск, “Бунёдкор”-и Тошканд, “Левадия”-и Таллин, “Динамо”-и Киев ва дастаи яккачини тимҳои футболи Русия бозӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG