Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Twitter дар интихоботи Украина


Интихоботи президентии Украина, ки рӯзи якшанбеи 17-уми январ баргузор гашт, дар таърихи ин кишвар нахустин интихоботе буд, ки дар ҷараёни он расонаҳои интернетӣ ба таври васеъ корбаст шуданд.

Ҳазорон нафар аз хабарнигорони мардумӣ бо ширкат дар як тарҳи саросарии Украина, дар бораи интихобот назар доданд ва аз охирин таҳаввулоти марбут ба он дар интернет иттилоъ пахш карданд. Аз ин лиҳоз интихоботи ахири Украина шаффофтарин номида шуд, вале бархе мегӯянд, истифода аз интернет дар интихобот бештар истисно буд, то қоидаи маъмул.

Рӯзи якшанбеи 17-уми январ ва шаби аз 17 ба 18-ум дар шабакаҳои иҷтимоии интернет шояд беш аз ҳама украинҳо фаъол буданд ва ҳар сония ҳазорон паём рӯи хат меомад. Шӯру ҳаяҷони интихобот дар ҳар сатри хабарҳои якҷумлагии сомонаи Twitter
ба назар мерасид ва дар табодули маълумот ё баҳсу мунозира на танҳо интихобкунандагон ё тарафдорони сарсахти номзадҳо, балки ҳатто аъзои кумисюнҳои интихоботӣ низ ширкат доштанд.

Олекский Бритук, яке аз фаъолони Twitter мегӯяд, ҳастаи ин ҷумбишро 100 журналист ташкил медоданд, ки дар чаҳорчӯби тарҳи "Интихоби UA" бо блогҳои кӯтоҳ дигаронро дар ҷараёни охирин таҳаввулот мегузоштанд.

Бритук мегӯяд, “ин талошҳо аввал дар интихоботи президентии соли 2004 сар шуда буд ва мақсад ин буд, ки расонаҳо мардумитар ва иттилоъ дастрастар шаванд. Аммо он тарҳро наметавон бобарор номид, зеро таҷрибаи аввал бисёр тарафкашона ва ноодилона баромад. Акнун Твиттер, ки бештар ба сухани шоҳидон такия мекунад, имконияти хуберо пеш овард. Ҷой барои таблиғ намонд, танҳо барои нашри иттилоъ. Дар натиҷа, ҳар кас метавонист, ҳаминлаҳзаӣ ба охирин хабарҳо дастрасӣ пайдо кунад."

Комёбии истифода аз расонаҳои нави интернетӣ ба он низ бастагӣ дошт, ки ситодҳои номзадҳо низ охирин хабарҳои худро дар онҳо мунташир мекард. Бритук мегӯяд, албатта, онҳо ин корро барои манфиатҳои худ мекарданд, аммо натиҷа чунин мешуд, ки дигарон метавонистанд, ба маълумот дастрасӣ пайдо кунанд.

Виталий Мороз, раиси бахши расонаҳои нав дар созмони Интернюзи Украина мегӯяд, тарҳеро, ки ин ниҳод роҳандозӣ кард, танҳо як ҳадаф дошт. Мақсад таъмини ҳаддиаксари шаффофияти интихобот ва пешниҳоди манобеи алтернативии маълумот барои журналистон буд.

Вай аз натиҷаҳо розист: "Шабакаи иҷтимоии Твиттер исбот кард, ки яке аз муассиртарин роҳҳои расондани маълумот аст. Дар сомонаи вижаи мо наздик ба сад ҳазор паём нашр шуд. Ишораи "Интихоби UA" яке аз сад ишораи маъруфтарин буд."

Аммо гуфтан душвор аст, ки чӣ теъдод аз мардум ҷараёни интихоботро аз тариқи Twitter думбол мекарданд. Шӯъбаи украинии ҷустуҷӯгари Яндекс нишон медиҳад, ки шумораи истифодабарандагони Twitter дар Украина наздик ба 17 000 нафар аст.

Мороз аз тавонмандиҳои Twitter ташаккур мекунад, ки мазҳ ба воситаи он аввалин бор видеои ришвадиҳӣ ба сарбозонро дид. Ба онҳо пул медоданд, то ба номзади муайян раъй диҳанд. Ва ё видеои таваллуди ногаҳонии сегона дар яке аз ҳавзаҳои интихоботии Одесса. Ба гуфтаи Мороз, Твиттер манзараи бузург ва комили интихоботро нишон дод.

Сардабири маҷаллаи "Телекритика", Наталия Лигачева мегӯяд, паёмҳо ва суръати хабаррасонии Твиттер ба андозае муассир буданд, ки дар ниҳоят шабакаҳои телевизионӣ низ аз иттилои Twitter истифода мекарданд. Вай ҳамчунин ба нақши блог ё торнигорҳо дар маъаракаи таблиғоти интихоботӣ ишора кард, аммо ин равандро заъиф ва камтаъсир номид. Ба ақидаи вай, номзадҳо ва интихобкунандагон дар баррасии масъалаҳои интихобот ба воситаи блогҳо ба андозаи кофӣ фаъол набуданд ва аз сӯи дигар таъсири торнигорҳо ба майлу гузинаҳои интихобкунандагон низ ғайри қобили ташхис аст.

Бо вуҷуди ин гуфт, Лигчева, таҷрибаи интихоботи рӯзи якшанбе барои Украина ҳамчун як пешрафти демократӣ ҳаётан муҳим буд ва як авҷи дигари онро, ба гуфтаи Лигачева метавон дар даври дувуми интихобот шоҳид шуд.
XS
SM
MD
LG