Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ЮНИСЕФ ба ислоҳи ҷинояткорони хурдсол мепардозад


Созмони ЮНИСЕФ тасмим гирифтааст, бо барномае таҳти унвони “Адолати додгоҳӣ дар нисбати кӯдакону наврасон” ҷараёни тарбияи ҷинояткорони хурдсолро дар Тоҷикистон ислоҳ кунад.

Ин дар ҳолест, ки тибқи омор, дар муассисаҳои вижаи Тоҷикистон даҳҳо кӯдакону ноболиғони душвортарбия нигоҳ дошта мешаванд.

Зарафшони 16-сола яке аз ноболиғон аст, ки бо ҷурми дуздии телефони мобилӣ дар маркази махсуси Хадамоти ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ миёни ноболиғон ва ҷавонони вазорати умури дохилии кишвар ба сар мебарад.

Дар дигар мавридҳо волидайн ба муҳоҷират мераванд ва тарбияи атфол ба дӯши наздикон ва пайвандон меафтад. Онҳо ба оворагардиву талбандагӣ машғул шуда, баъзан бо гурӯҳҳои ҷиноятпеша ҳамроҳ мешаванд ...
Вай мегӯяд, волидайнаш аз ӯ рӯ тофтаанд ва намехоҳанд, дубора ӯро ба хона роҳ диҳанд.

Зарафшон нақл мекунад, ки «аз хурдӣ дар тарбияи холаам будам. Вале чанд вақти пеш ӯ маро ба волидайнам супорид. Баъд аз ин маро падарам пайваста таъна мекард, ки холаам аз тарбияи ман даст кашид. Ман маҷбур шудам, ки аз хона фирор кунам. Гоҳо шабамро дар кӯча рӯз мекардам, то он даме ки милисаҳо маро ба ин марказ оварданд. Аслан ман эрка ба воя расидам. Нисбати ман сахтгир набуданд ва ин аст, ки имрӯз ман ба чунин аҳвол расидам».

Ба гуфтаи кормандони Хадамоти ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ миёни наврасон ва ҷавонон, ояндаи Зарафшон норӯшан аст. Зеро агар то як моҳи дигар волидайн ба суроғи фарзандашон наоянд, онҳо маҷбуранд Зарафшонро ба маркази кӯдакони душвортарбия интиқол бидиҳанд.

Қудратулло Азимов, сардори ҳамин хадамот, мегӯяд, бинобар бемасъулиятии волидайн ва фақру нодории хонаводаҳо чунин кӯдакон ба хиёбон рӯ меоранд ва роҳи зиндагӣ онҳоро ё ба мактабҳои махсус ва ё ба зиндон мебарад.

Вай меафзояд, «аксаран ин кӯдакон падару модарро зиёд азият дода ва аз манзилҳояшон фирор мекунанд. Ва ё дар дигар мавридҳо волидайн ба муҳоҷират мераванд ва тарбияи ин атфол ба дӯши наздикон ва пайвандон меафтад. Онҳо ба оворагардиву талбандагӣ машғул шуда, баъзан бо гурӯҳҳои ҷиноятпеша ҳамроҳ мешаванд».

Масъулини Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, соли гузашта аз ҷониби кӯдакону наврасон 560 мавриди ҷиноят сабт шудааст, ки ин рақам дар қиёс бо соли 2008 ба маротиб боло будааст.

Аммо ба таъкиди Ҳонгвей Гао, раҳбари бунёди атфоли СММ, на муассисаҳои вижаву ислоҳотӣ, балки муҳити оилавӣ метавонад кӯдакони дар низоъ бо қонунро ба ҳаёти солим баргардонад.

Бо ин ҳадаф ахиран дар Душанбе муаррифии барномаи тозаи “Адолати додгоҳӣ нисбати кӯдакон ва наврасон» сурат гирифт, ки ҳадафи ин барнома ҷилавгирӣ аз зиндонӣ шудани наврасонест, ки нахустин бор ҷиноят содир кардаанд.

Хонум Ҳонгвей Гао дар ин замина мегӯяд, барои ислоҳи чунин кӯдакон қабл аз ҳама кӯмаки равониву ҳуқуқӣ зарур аст:

“Низоми ҳуқуқие, ки ҳоло мавҷуд аст, синни кӯдаконро ба инобат намегирад ва дар ислоҳи воқеии чунин наврасон қодир нест. Ва баръакс истифодаи ҷазои сангин нисбати кӯдакон барои афзоиши ҷинояткорӣ миёни ин қишри ҷомеа мусоидат мекунад. Ҳамчунин ин кӯдаконе, ки дар уассисаҳои пӯшида нигоҳ дошта мешаванд, аз гирифтани маълумот дар канор мемонанд”.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии кишвар, мегӯяд, аксари кӯдакони ҷиноятпеша аз хонаводаҳои камбизоатанд ва бархе дубораву себора даст ба аъмоли ношоиста мезананд.

Вай меафзояд, “дар соли гузашта аз ҷониби наврасон 43 далели авбошӣ, 15 ҳодисаи зӯроварии хусусияти шаҳвониӣ дошта,10 мавриди қаллобиву дуздӣ ва як куштор содир шудааст. Қӯдаконе ҳастанд, ки мо онҳоро ҳатто тавассути барномаҳои телевизионии худ намоиш додаем ва аз волидайнашон тақозо кардаем, ки барои гирифтани фарзандонашон биёянд. Вале мутаассифона баъзе аз онҳо аз оилаҳои носолиманд, ки барои ислоҳ шудан кӯшиш намекунанд”.

Барои роҳандозии барномаи “Адолати додгоҳӣ дар нисбати кӯдакон ва наврасон” Бунёди Швейтсарӣ оид ба рушд бештар аз як миллион доллари амрикоӣ ҷудо кардааст ва ин лоиҳа аз сӯи Бунёди ЮНИСЕФ дар солҳои 2010-2011 амалӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG