Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷ.Нурмуҳаммадов бармегардад, вале ба чӣ мақом?


Хабаргузории "Авеста" аз қавли манобеи худ иттилоъ додааст, ки мумкин аст Ҷурабек Нурмуҳаммадов-вазири пешини энержии Тоҷикистон дубора вазири саноат ва энержии Тоҷикистон таъйин шавад. Бино ба навиштаи ин манбаъ вай метавонад дар ин мақом Шералӣ Гуловро иваз кунад. Дар гузашта Нурмуҳаммадов раиси ширкати "Барқи Тоҷик" ва сипас вазири энержии Тоҷикистон буд. Вай соли 2006 аз мақом барканор шуд ва то ҳол дар Русия ба сар мебурд. Нурмуҳаммадов дар даврони кори худ дар ҳукумати Тоҷикистон аз манофеъи РУСАЛ, РАО ЕЭС ва "Газпром"-и Русия дифоъ мекард. "Авеста" менависад, интизор меравад, ки вазири кунунии энержӣ Шералӣ Гулов ба ҷои Ғайбулло Афзал раиси вилояти Хатлон таъйин шавад.
XS
SM
MD
LG