Пайвандҳои дастрасӣ

Бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, раисони ҳашт ноҳияи кишвар иваз карда шуданд. Яке аз онҳо аз раёсат дар як ноҳия ба ноҳияи дигар интиқол ёфт.

Бино бар ин дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон, Муҳаммадшариф Толибов аз мақоми раиси ноҳияи Рашт, Очилди Муҳаммадалӣ аз вазифаи раиси ноҳияи Ҳисор барканор шуда, ба ҷои онҳо Муҳаммадҷон Давлатов раиси Рашт ва Баҳриддин Солеҳов раҳбари Ҳисор таъин гаштанд.

Дар маснади раиси ҳокимияти шаҳри Турсунзода, ки бо сабаби мавҷудияти корхонаи Талко дар ин ҷо аз минтақаҳои муҳими кишвар ба шумор меравад, Давлатшо Гулмамадов раиси собиқ Атохоҷа Баракатуллоҳро иваз кард.

Ба ҳамин тартиб, мӯҳлати кори Ҳабибуллоҳ Саъдуллоев ба ҳайси раиси ҳокимияти ноҳияи ба номи Ҷалолиддини Румӣ, Нурулло Оқилов (раиси ноҳияи Масчоҳ), Сафаралӣ Раҷабов (раиси ноҳияи Ховалинг) дар ин вазифаҳо ба поён расида, онҳоро Рӯҳулло Ҳакимов (Румӣ), Сӯҳроб Охунов (Масчоҳ) ва Қодир Валиев (Ховалинг) иваз карданд.

Бар пояи ҳамин фармони президенти Тоҷикистон раиси ноҳияи Ишкошим, Амрихудои Дамдор дар ивази Назрулло Ҷонов раиси ҳокимияти ноҳияи Ванҷ таъин гашт.

Дар ҳоле ки раисони ҳокимияти шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои Тоҷикистонро раисиҷумҳур бо фармони худ таъин мекунад, пешниҳодҳое садо медиҳанд, ки ин мақомот аз тарафи худи мардум интихоб шаванд. Вале дар ҳоли ҳозир тасмим гирифта шудааст, ки танҳо раисони деҳшӯроҳо интихобӣ бошанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG