Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳаитӣ ба дуздиву ғорат рӯ ба рӯст


Порто Принтс-пойтахти Ҳаитӣ ба дуздиву ғоратгарӣ ва беназмӣ рӯ ба рӯст. Бино ба гузоришҳо, сабаб ин будааст, ки дар расонидани кӯмакҳои ғизоӣ ва об ба бозмондагони зилзила таъхир мушоҳида мешавад. Кумитаи Салиби Сурхи Байналмиллалӣ гузориш медиҳад, ки мавориди дуздиву ғорат дар ҳоли афзоиш аст, зеро ниёзмандони кӯмак навмед шудаанд. Дар миёни онҳо осебдидагони зилзила низ ҳастанд. Низомиёни Амрико мегӯянд, онҳо рӯзи душанбе аз ҳаво ба партоби кӯмакҳои ғизоӣ оғоз кардаанд. Дар ҳамин ҳол, Бан Ки Мун-ДК СММ гуфтааст, Шӯрои Амният ба таври иловагӣ фиристодани 3 500 нафар нируи дигар ба Ҳаитиро ба тасвиб мерасонад.
XS
SM
MD
LG