Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай мулоқоти вижаи нируҳои амниятӣ доир кард


Имрӯз Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон дар Кобул раёсати як мулоқоти вижаи амниятиро бар ӯҳда дошт, ки дар он ҳамлаи Толибон ба Кобул ва бамгузориҳои интиҳорӣ баррасӣ шуд. Баъд аз ин мулоқот дафтари раёсати ҷумҳурӣ изҳороте пахш кард ва дар он гуфта мешавад, ки раиси ҷумҳур аз фаъолияти нируҳои амниятӣ барои дифоъ аз Кобул ситоиш кардааст. Як рӯз баъд аз ин ҳамла нируҳои амниятӣ то ҳол дар ҳолати омодабош қарор доранд. Дар ин ҳамла дастикам 12 нафар кушта шуданд, ки дар миёни онҳо нируҳои амниятӣ низ ҳастанд. 7 нафар ҳамлакунандагон низ аз байн бурда шудаанд. Бино ба гузоришҳо, 70 нафар дар ин ҳамлаҳо ҷароҳат бардоштаанд. Баъд аз 5 соати ин ҳамла нируҳои НАТО ва нируҳои Афғонистон тавонистаанд низомро дар Кобул барқарор кунанд.
XS
SM
MD
LG