Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Писари вазири маҳбус ҷунбиши нав таъсис медиҳад


Руслан Исҳоқов, писари вазири собиқи дифои Қирғизистон

Руслан Исҳоқов, писари вазири собиқи дифои Қирғизистон

Руслан Исҳоқов, писари вазири собиқи дифои Қирғизистон Исмоил Исҳоқов, ки ба ҳашт соли зиндон маҳкум шудааст, ҳоло талош дорад, ҷунбиши мухолифони қирғиз дар хориҷ аз он кишварро таъсис бидиҳад.

Руслани 29-сола афсари низомӣ буда, дар ду соли ахир ба ҳайси фиристодаи хоси вазорати дифои Қирғизистон дар идораи марказии ҳарбии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фаъолият мекард. Соли 2009, замоне ки алайҳи падараш Исмоил Исҳоқов парвандаи ҷиноӣ боз шуд, аз сафи Нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон хориҷ шуд.

Руслан, ки феълан дар Амрико ба сар мебарад, қасди таъсиси созмони сиёсии мухолиф ба ҳукумати раисҷумҳури вақти Қирғизистон Қурмонбек Боқиевро доштааст.

Ҷаноби Исҳоқов мегӯяд, “ҳадафи аслии мо таҳким бахшидани ҳаракатҳои сиёсӣ ба муқобили низоми ғайридемократии Боқиев дар Қирғизистон ва хориҷ аз он аст. Фикр мекунам, шумори қобили мулоҳизаи ҳамватанонам дар ин масъала бо ман мувофиқанд, ки Боқиев кишварро ба варта тела медиҳад. Мардум торафт қашшоқ мешаваду молиёт афзун, одамонро ба зиндонҳо меандозанд, журналистонро ба қатл мерасонанд. Пешвоҳои оппозитсиюн дар як они воҳид ба душмани халқ табдил шуданд…”

Ҳафтае қабл додгоҳи низомии Бишкек генерал-лейтенант Исмоил Исҳоқовро ба ҳашт соли зиндон маҳкум ва низ ӯро аз рутбаи низомиаш маҳрум кард. Додгоҳ вазири собиқи дифоъро дар он муттаҳам кард, ки гӯё вай манзили хидматии мансуб ба вазоратро ғайриқонунӣ ба писараш Руслан Исҳоқов тақдим кардааст.

Пас аз ҳабси генерал Исмоил Исҳоқов ҷонибдорон ӯ дар вилояти Ӯши ин кишвар ҳамоиши эътирозӣ баргузор карданд
Худи генерал иттиҳомоти алайҳи ӯ эълоншударо рад намуда, ҳама ҷараёни додгоҳиро “фармоиши сиёсӣ” унвон кард. Писари собиқ вазир ҳам ҳукми додгоҳро далели рӯшани ангезаи сиёсӣ доштани парвандаи мазкур номид.

Вай гуфт, “нахуст бояд бигӯям, ки падари ман генерал Исҳоқов шахсан ин манзилро ба ман ихтисос надодааст. Ман ин хонаро ҳамчун афсари артиши Қирғизистон гирифтаам. Агар хато накунам, бар асоси Кодекси манзил, раҳбари воҳиди низомӣ мустақилона тасмим мегирад, ки хонаро ба кӣ медиҳад. Ман на ҳамчун писари вазири дифоъ, балки ҳамчун афсари низомӣ соҳиби ин манзил шудаам…”

Дар ҳамин ҳол, нерӯҳои мухолифи ҳукумати Қирғизистон ҳам ҳабси Исмоил Исҳоқовро ба фаъолиятҳои сиёсии вай рабт медиҳанд.

Ҷонибдорони вазири собиқи дифоъ пас аз эълони ҳукми додгоҳ, дар зодгоҳи ӯ - ноҳияи Олойи вилояти Ӯш намоишҳои эътирозӣ карданд ва шоҳроҳи пайвандгари Қирғизистон бо Чин ва Тоҷикистонро бастанд.

Пулиси маҳаллӣ тазоҳургаронро пароканда карда, нисбат ба онҳо бо айбномаи “авбошӣ” парвандаи ҷиноӣ боз намуданд.

Пуштибонони генерали зиндонишуда дар Бишкек, ки гуруснанишинӣ эълон кардаанд, ба унвонии ҳукумати Қирғизистон, кишварҳои демократӣ ва парлумони Аврупо муроҷиатнома ирсол намуданд, ки дар он хостори мусоидат ба таҳкими демократия ва озодиҳо дар кишвари, ба гуфтаи онҳо, “диктотурӣ ва озодикуш” шудаанд.

Эътирозгарон ҳамчунин аз раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев тақозо кардаанд, “ба саркӯбии нерӯҳои сиёсӣ, ғорати дороиҳои кишвар, террор ва сиёсати иқтисодиву иҷтимоии зиддимардумӣ хотима бахшида, ҳамчунин 18 маҳбуси сиёсии кишварро раҳо намояд”.

XS
SM
MD
LG