Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ки дар мусобиқаи байнулмилалӣ барои дарёфти Ҷоми қаҳрамонони Ҷомеаи Кишварҳои Муштаракулманофеъ ва Балтик дар шаҳри Маскав ноком шуд, ба Ватан бармегардад.

Қаҳрамони футболи Тоҷикистон пас аз ду бохти паиҳам аз дастаҳои «Боку»-и Озарбойҷон ва «Оқтеппа»-и Қазоқистон бо ҳисоби якхелаи 0:2, бозии севвумашро бо тими ХИК-и Финландия бо ҳисоби 1:1 анҷом дод ва аз идомаи мубориза барои Ҷоми Иттиҳод-2010 маҳрум гашт.

Бозии охирини «Вахш» бо дастаи ХИК 19-уми январ дар маҷмаъаи варзишии «Динамо»-и пойтахти Русия баргузор шуд. Нахуст Рустам Усмонов, ҳамлагари «Вахш», дар дақиқаи 10-ум ҳисобро боз кард. Вале дар дақиқаи 42-юм бозигари ХИК Парикка бо сараш тӯбро ба дарвозаи «Вахш» ворид сохт ва ҳисобро баробар намуд. Дар нимаи дуввуми дидор ҳисоб тағйир наёфт.

Дар бозии дигари даври охирини сабқати гурӯҳи «В» дастаи «Оқтеппа»-и Қазоқистон бар тими «Боку»-и Озарбойҷон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Бад-ин тартиб дастаи «Оқтеппа» бо 6 имтиёз ғолиби гурӯҳи «В» гардид. ХИК бо 5 имтиёз ҷои дуввумро касб кард. «Боку» бо 4 имтиёз дар ҷои севвум ва «Вахш» бо 1 имтиёз дар ҷои чаҳорум қарор гирифтанд. Футболбозони Қазоқистон ва Финландия ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтанд. Вале қаҳрамонони футболи Озарбойҷону Тоҷикистон аз идомаи мубориза барои Ҷоми Иттиҳод маҳрум шуданд.

Исроил Шарифов, раиси бошгоҳи футболи «Вахш», зимни сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, «дар гурӯҳи худ мо бо дастаҳои пурқувват қувва озмудем ва сарфи назар аз натоиҷи бозиҳо, аз ҳунарнамоии футболбозони худ қаноатмандем. Вале аз он таассуф мехӯрем, ки ба иллати камбуди маблағ имкони ҳадди аққал як ҳафта пеш аз шурӯъи ин мусобиқа ба Маскав сафар карданро надоштем, то ки дар майдони сунъӣ як-ду бозии контролӣ анҷом бидиҳем ва ба сабқат хубтар омода шавем. Ҳамчунин ҳаминро гуфтаниам, ки ба футболбозони даъватнамудаи мо - ҳимоятгар Даниэл Тего ва ҳамлагар Дэвид Тетте - барои ширкат дар Ҷоми Иттиҳод иҷоза надоданд. Зеро гуфтушуниди мо бо раҳбарони бошгоҳи футболи «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон напухт. Онҳо барои ба дастаи «Вахш» гузаштани футболбозони африқоӣ аз мо маблағи зиёд талаб карданд, ки бошгоҳи футболи «Вахш» дар айни ҳол имкони пардохти чунин маблағро надорад. Бинобар ин пас аз бозгашти дастаи «Вахш» ба Тоҷикистон Тего ва Тетте ба Бишкек бармегарданд».

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG