Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирон барои ҳамла ба Ироқ посух медиҳанд


Дар Британия расидагӣ ба дархости ҷомеа роҷеъ ба оғози ҷанги Ироқ шурӯъ шудааст. Дар зимн далоили кобинаи вазирон, ба вижа ононе, ки дар моҳи марти соли 2003 ҳангоми ҳамла ба Ироқ узви кобина буданд, шунида мешавад. Ҷеоф Ҳун, ки аз соли 1999 то соли 2005 вазири дифои Британия буд, аз нахустин касе буд, ки барои пурсиш ҳозир шуд. Дар ҷарёни ин пурсиш қонунӣ будани ҷалби Британия ба ҷанги Ироқ дақиқ карда мешавад, зеро ин иддао матраҳ буд, ки Саддом Ҳусейн аслиҳаи куштори ҷамъӣ доштааст. 7 сол пеш Британия ба Ироқ 45 000 ниру фиристод, то як ҷо бо нируҳои эътилоф режими Саддомро дар ин кишвар сарнагун кунанд. Қарор аст рӯзи панҷшанбе Ҷак Строу-вазири вақти умури хориҷаи Британия барои посух ба пурсишҳо ҳозир шавад. Навбати Тонӣ Блэр-нахуствазири вақт ҳафтаи оянда хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG