Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарифӣ:Таваққуфи вагонҳо ангезаи сиёсӣ надолрад


Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири умури хориҷаи Тоҷикистон гуфтааст, сабаби муттаваққиф шудани вагонҳои молу колои муттааллиқ ба Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбекистон ангезаҳои сиёсӣ надорад. Вай гуфтааст, чунин вагонҳо бо бори Тоҷикистон дар қаламрави Туркманистон низ ҳастанд ва сабаби он афзоиши ҳамлу нақли коло тавассути роҳи оҳани Осиёи Марказист. Ба гуфтаи вай, ҳоло молу колои СММ ва нируҳои эътилофи зидди террор дар Афғонистон низ аз ин роҳ интиқол дода мешавад. Оқои Зарифӣ таъкид кардааст, ки ҳоло масъалаи ҳамлу нақли колои Тоҷикистон тавассути ин роҳи оҳан комилан ҳал шудааст.
XS
SM
MD
LG