Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси "Барқи Тоҷик" боз иваз шуд


Ҳукумати Тоҷикистон Санъат Раҳимовро аз мақоми раиси ширкати "Барқи Тоҷик" барканор ва ба ин мақом Абдулло Ёровро таъйин кард. Ёров то ҳол дар дафтари раёсати ҷумҳурӣ мудири шӯъбаи саноат ва энержӣ буд. Вай дар гузашта дар мақоми вазири энержии Тоҷикистон низ кор кардааст. Аммо Санъат Раҳимов, ки имрӯз аз раёсати ширкати "Барқи Тоҷик" барканор шуд, дуруст як соли пеш ба ҷои Шарифхон Самиев ба раёсати ин ширкат омада буд. Дар бораи сабабҳои ин таъйинот чизе гуфта намешавад.
XS
SM
MD
LG