Пайвандҳои дастрасӣ

Ба иллати напардохтани маблағи пурраи гаравпулӣ феҳрасти номзадҳои интихоботи порлумонии бархе аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ихтисор гардид.

Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсиҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи худ рӯзи сешанбеи 19-уми январ ҳангоми тасдиқи расмии феҳрасти ҳизбҳо шумораи номзадҳоро коҳиш дод, зеро ин аҳзоб натавонистаанд, барои ҳар яке аз шахсони пешбаришуда гаравпулӣ пардохт намоянд.

Танҳо Ҳизби халқӣ-демокартӣ тавонист, рӯйхатти ҳизбии худро дар шакли пуррааш ба тасвиб расонад.

Ба ин тартиб, ферҳасти ҳизбии номзадҳо ба таври зайл тасдиқ шуд:
  • Ҳизби халқӣ-демократӣ -- 22 номзад
  • Ҳизби наҳзати исломӣ -- 20 номзад
  • Ҳизби коммунист -- 9 номзад
  • Ҳизби сотсиал-демократ -- 7 номзад
  • Ҳизби аграрӣ -- 6 номзад
  • Ҳизби демократӣ -- 2 номзад
  • Ҳизби сотсиалист -- 3 номзад

Қаблан ҳизбҳои сиёсӣ номгӯи то 20-22 номзадро пешниҳод карда буданд. Онҳо ҳамчунин шиква доштанд, ки гаравпулӣ як монеаи пешбарии номзадҳои арзанда ба интихоботи порлумолнӣ мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG