Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Евронюс" ба пахши барномаҳои форсӣ мепардозад


"Евронюс" пахши барномаҳои арабиро аз соли 2008 шурӯъ карда буд
"Евронюс" пахши барномаҳои арабиро аз соли 2008 шурӯъ карда буд

Шабакаи бонуфузи телевизионии «Евронюс» эълон кардааст, ки дар соли ҷорӣ ба пахши барномаҳои худ бо забони форсӣ шурӯъ мекунад.

Дафтари ин шабакаи ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Лиони Фаронса воқеъ аст, гуфтааст, то охири соли 2010 барномаи форсӣ ба забонҳои феълии ин телевизион ва ба саҳфаи интернетии он илова хоҳад шуд.

Раҳбарияти ин шабакаи ҷаҳонӣ ҳамчунин тасмим гирифтааст, ки барномаи туркизабони худро низ роҳандозӣ кунад.

Барномаҳои телевизионии «Евронюс» дар ҳоли ҳозир бо ҳашт забон, аз ҷумла англисӣ, русӣ, фаронсавӣ ва арабӣ, пахш мешаванд.

«Евронюс» аз сӯи ширкатҳои телевизионии кишварҳои Аврупо дар соли 1993 таъсис шудааст ва имрӯз дар баробари Си-Эн-Эн ва Би-Би-Си яке аз шабакаҳои бонуфузи хабарӣ маҳсуб мешавад.

Ин шабака дар сартосари ҷаҳон садҳо миллион бинанда дорад ва бо барномаҳои шабонарӯзии худ ахбори дасти аввали минтақа ва ҷаҳонро пахш мекунад. Бо шуруи барномаҳо ба забони форсӣ доираи бинандагони он хоҳад афзуд.

Аз ифтитоҳи барномаи форсизабони «Евронюс» таҳлилгарон истиқбол кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, ин шабакаи моҳвораӣ барои даҳҳо миллион форсизабонони Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон манбаи аслии ахбори ҷаҳон хоҳад буд.

«Евронюс» дуввумин телевизиони ҷаҳонист, ки пахши барномаҳо ба забони форсиро роҳандозӣ мекунад. Як сол қабл телевизиони маъруфи Би-Би-Си низ шабакаи форсии худро таъсис дода буд.
XS
SM
MD
LG