Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши хушунат ва ғоратгариҳо дар Ҳаитӣ


Дар ҳоле ки мардуми осебдида дар пайи заминларзаи маргбори ҳафтаи гузашта дар Ҳаитӣ чашм ба роҳи кӯмакҳои байналмилалианд, бино ба хабарҳо, пойтахти Ҳаитӣ, шаҳри Порт-о-Принс, ба мавҷи хушунат, ғоратгарӣ ва тахрибкорӣ рӯбарӯ шудааст. Салиби сурхи байналмилалӣ ҳушдор дод, ки мавориди хушунат ва ғоратгарӣ дар ин ҷо дар ҳоли афзоиш қарор дошта, мардуми мусибатзадаи Ҳаитиро эҳсоси навмедӣ фаро мегирад. Мақомоти Амрико гуфтаанд, бар иловаи 1700 сарбози мустақар дар Ҳаитӣ боз 2000 сарбози дигари амрикоӣ бояд ба ин кишвари офатзадаи ҳавзаи Кариб бирасанд.
Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун ҳам аз Шӯрои Амният хост, ки ба Ҳаитӣ 2000 сарбоз ва 1500 пулиси изофӣ эъзом кунанд.
Феълан СММ дар Ҳаитӣ наздики 9000 сарбози ҳомии сулҳашро мустақар кардааст.
XS
SM
MD
LG