Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Приштина аз коҳилии кишварҳои араб


Вазири хориҷаи Косово гуфт, Приштина аз онки аксари кишварҳои арабӣ то ҳол истиқлолияти ин кишвари Балкан аз Сербистонро эътироф накардаанд, нохушнуд аст.
Искандар Ҳусейнӣ дар мулоқоташ ба дабири кулли Лигаи давлатҳои араб Амр Мӯсо гуфт, Косово сазовори пуштибонии ҷаҳони Ислом ҳаст. То кунун танҳо 6 кишвар аз 22 кишвари узви Лигаи давлатҳои араб Косоворо ба расмият шинохтаанд.
Косово, ки ҳудуди 90 дарсад аз ҷамъияти семиллионнафариашро мусалмонон ташкил медиҳанд, дар моҳи феврали соли 2008 худро аз Сербистон мустақил эълон кард.
XS
SM
MD
LG