Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кашфи 20 паррандаи нодир дар Помири Афғонистон


Дар кӯҳистони Помири Афғонистон маҳалли сукунати як навъи нодири паррандаро кашф кардаанд. Ҷамъияти ҳифзи табиати зинда – Wildlife Conservation Society (WCS) эълон кард, ки дар Помир маҳалли сукунати чаковаки қамишзорро пайдо кардааст. То кунун ин созмон танҳо ду намунаи чаковаки қамишзорро мушоҳида карда буд. Вале коршиносони Ҷамъияти ҳифзи табиати зинда дар кӯҳистони Помир 20 намунаи чаковакро кашф ва пажӯҳиш кардаанд. Ин созмони мақараш дар Ню-Йорк танҳо гурӯҳи зистмуҳитист, ки дар Афғонистони ҷангзада ҳам фаъолият дорад.
XS
SM
MD
LG