Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват ба афзоиши нирӯҳои ҳомии сулҳ дар Ҳаитӣ


Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун аз Шӯрои Амният хост, ки ба Ҳаитӣ 2000 сарбоз ва 1500 пулиси изофӣ фиристода, ҳайъати нирӯҳои ҳомии сулҳи мустақар дар ин кишвари офатзадаи ҳавзаи Карибро тақвият диҳад. Феълан СММ дар Ҳаитӣ наздики 9000 сарбози ҳомии сулҳашро мустақар кардааст.
Дирӯз ИА барои рафъи авоқиби заминларза ва эъмори муҷаддади Ҳаитӣ 400 миллион евро ваъда кард. Ин созмон имкони аз Аврупо ба Ҳаитӣ эъзом шудани нирӯҳои пулисро низ сарфи назар намекунад. Салиби сурхи байналмилалӣ гуфтааст, хушунат ва ғоратгарӣ дар пойтахти Ҳаитӣ, шаҳри Порт-о-Принс дар ҳоли афзоиш қарор дошта, навмедӣ саросари ин кишвари мусибатзадаро фаро мегирад.
XS
SM
MD
LG