Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай: "Вазъи Кобул таҳти назорат қарор дорад"


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай дар пайи силсилаи ҳамлаҳои хунини ҷангиёни толиб гуфт, вазъ дар пойтахт, шаҳри Кобул, таҳти назорат қарор дорад. Бар асари силсилаи таркишҳову ҳамлаҳои дирӯза дар Кобул, ба гуфтаи мақомот, 12 нафар, аз ҷумла 7 ҷангӣ кушта ва беш аз 70 тани дигар захмӣ шуданд. Толибон масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифта, гуфтааст, дар амалиёти дирӯза дар Кобул 20 ҷангиаш ширкат варзидаанд.
XS
SM
MD
LG