Пайвандҳои дастрасӣ

Амора дар Канада ба ҳабси умрбод маҳкум шуд


Дар Канада раҳбари як қасди ҳамлаи террористиро ба ҳабси умрбод маҳкум карданд. Ҳадаф аз ин амал тавассути мошинҳои бомбгузоришуда тарконидани нуқоти калидие, чун биржаи Торонто, дафтарҳои Идораи истихбороти Канада ва пойгоҳи низомии артиши ин кишвар ба хотири ба хуруҷи нирӯҳояш аз Афғонистон маҷбур кардани Канада будааст.
Закариё Амораи 24-сола нақши худ дар ин қасди ҳамларо ҳанӯз моҳи октябр эътироф карда буд.
Амора ҳафтаи гузашта дар номаи саркушодае барои ин аъмолаш узр хост ва гуфт, ӯ шоистаи танҳо нафрини мардуми канадоист. Ӯ танҳо баъд аз дастикам шашуним соли зиндон метавонад дархости раҳоии пеш аз мӯҳлат кунад.
XS
SM
MD
LG