Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозӣ дар марзи Узбакистону Қирғизистон


Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, марзбонони узбак дар гузаргоҳи Момбеков дар вилояти марзии Ҷалолобод як марзбони қирғизро захмӣ ва ба дунбол боздошт кардаанд. Ҷудар Исоқулов, сухангӯи нирӯҳои марзбонии Қирғизистон гуфт, ибтидо сокинони маҳаллӣ алайҳи марзбонони қирғиз сангандозӣ кардаанд ва сипас марзбонони узбак ба кӯмаки онҳо расида, алайҳи сарбозони қирғиз тир кушодаанд.
Ба гуфтаи Исоқулов, дар ин кашмакаш дар маҷмӯъ 4 марзбони узбак ва 2 марзбони қирғиз ширкат доштаанд.
Як марзбони қирғиз тир хӯрда, ба асорат уфтод ва ӯро ба бемористони шаҳри Андиҷони Узбакистон бурдаанд.
Ин алакай дуввумин задухӯрди миёни маъмурони узбаку қирғиз дар соли ҷорист. Рӯзи 2 январ пулиси Узбакистон ду марзбони қирғизро боздошт карда, танҳо баъди 4 рӯз озод кард.
XS
SM
MD
LG