Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигоҳи коршиноси ғарбӣ ба вазъи Тоҷикистон


Ярмаркаи ҷойҳои кор дар Хуҷанд

Ярмаркаи ҷойҳои кор дар Хуҷанд

Ба ақидаи пажӯҳишгари Маркази таҳқиқоти авзоъи бӯҳронӣ дар Донишгоҳи иқтисодии Лондон, бо вуҷуди заминаҳои зиёди ноамнӣ вазъ дар Тоҷикистон ором боқӣ хоҳад монд, аммо на барои дарозмуддат.

Анна Матвеева дар як арзёбии тозае, ки онро «Тоҷикистон – вазъи инқилобӣ ва ё ҳукумати побарҷой” унвон кардааст, омилҳои бесуботкунандаи авзоъи сиёсӣ дар Тоҷикистонро барои сиёсатмадорони Иттиҳодияи Аврупо баррасӣ кардааст.

Вай мегӯяд, фақру, нодорӣ, хидматгузории номураттаби ҳукумат, камбуди нерӯи барқ мардуми Тоҷикистонро дилсард ва ноумед кардааст
Бо вуҷуди ин ҳама сабукандешиҳои мақомоти расмӣ, мардум ба онҳо итоат мекунанд, онҳо омодаи эътироз нестанд, онҳо пешвое ҳам надоранд ва умед надоранд, ки чизе тағйир меёбад...
ва метавонад дар оянда омиле барои эътирозу ноамнӣ дар Тоҷикистон шавад. Аммо айни замон ба гуфтаи ӯ, давлати Тоҷикистон, тамоми абзори лозимро дорад, ки аз ҳаргуна эътирозу ноамнӣ ҷилавгирӣ кунад.

Анна Матвеева меафзояд, ҳукумати Тоҷикистон натавонистааст, то кунун ба ҳайси як муҳаррики рушди дарозмуддати кишвар хидмат кунад.

Дар сӯҳбати телефонӣ нахуст аз ӯ хостам, ин гуфтаи худро шарҳ диҳад.

Анна Матвеева: “Аз нигоҳи ман, давлати Тоҷикистон мушкилоти зиёде дорад, ки ҳам ба сиёсати дохилӣ иртибот мегирад, аз ҷумла монополияи он ба ҳокимият. Дар он ҷо ҳатто демократия вуҷуд надорад ва ягон талоше ҳам барои нишон додани он намешавад. Ҳатто дар замони шӯравӣ агарчӣ бо роҳи ғайридемократӣ, аммо зодагони маҳалҳои мухталифи Тоҷикистон дар ҳукумат намояндагӣ мекарданд, ҳоло ҳукумат дар дасти як гурӯҳи маҳдуд аст. Дигар ин ки мушкилоти иқтисодии кишварро худатон медонед, аз ҷумла пайомадҳои бӯҳрони ҷаҳони молӣ, моҷаро бо Сандуқи Байналмилалии Пулро, хатоҳои худи ҳукумат, фасод, таввалуди зиёд, табоҳшавии зербунёдҳо дар рустоҳоро низ. Ин воқеъиятҳои ҳоли нохуби кишвар, албатта, метавонад, сабаби норизоиятии ҷомеа шавад. Ин норозигиҳо ҷамъ мешаванд ва тамоюлҳои эътирозӣ ва мухолиф хуруҷ мекунад ва ё мардум ба тамоюлҳои исломӣ рӯ меоранд.»

Аммо дар ин миён мушкили аслии кишвар кадом аст, ки метавонад мояи эътирозҳо бошад?

Анна Матвеева: «Мушкили аслӣ он аст, ки Тоҷикистон ба самти демодернизатсия ҳаракат мекунад, яъне ҳатто ончӣ ки дар замони шӯравӣ таъсис шуда буд, аз ҷумла парвариши олимону муҳандисон, зиёни соҳибтаҷриба, зербунёдҳои нақлиётӣ, фурудгоҳҳои фаъол, бахусус мактабу муассисаҳои тиббӣ ҳама дар ҳоли суқутанд ва эҳёи ин ҳама ниҳоят мушкил хоҳад буд. «

Шумо дар пажӯҳиши худ, нерӯгоҳи барқи обии Роғунро ёдовар шудед, аз ҷумла, ҷалби сармояи мардум барои бунёди ин нерӯгоҳро. Як рӯзномаи Тоҷикистон чанде пеш навишт, бо ин тарзе, ки мақомоти расмӣ аз мардум барои хариди саҳмия пул меситонанд, метавонанд, баръакс сабаби беобрӯ шудани ба истилоҳ ин идеяи миллӣ ва ҳатто норозигиҳои иҷтимоӣ шаванд. Оё шумо ба ин гуфта мувофиқ ҳастед?

Анна Матвеева: “Мардум норозӣ аст, аммо ҳеҷ коре карда наметавонад. Онҳо ҳамин 100 сомониро барои як саҳмия мепардозанд ва ба Русия, ё ҷои дигар мераванд. Ҳамон қишри ҷавони ҷомеа, ки ягон кор, ё ягон навъ эътироз карда метавонанд, ба ин ҳама рафтори мақомоти расмӣ нафрин мехонанд, вале бо роҳе пул ҷамъ мекунанду аз Тоҷикистон мераванд. Бо вуҷуди ин ҳама сабукандешиҳои мақомоти расмӣ, мардум ба онҳо итоат мекунанд, онҳо омодаи эътироз нестанд, онҳо пешвое ҳам надоранд ва умед надоранд, ки чизе тағйир меёбад. Албатта, рафтори мақомот чунин вазъеро ба вуҷуд меорад, ки мардумро норозӣ мекунад, аммо ба Узбакистон бингаред, мардум муддати тӯлонист, ки нохушнуданд, вале ба ғайр аз Андиҷон, дигар эътирози ҷиддие дар он ҷо надидем, аммо Тоҷикистон худ шоҳиди ҷанги шаҳрвандӣ шудааст. Дигар ин ки маҳофили ҳукмрони Тоҷикистон ҳукуматро бисёр мустаҳкам дар дасти худ нигаҳ медорад, ва аз ин рӯ ба андешаи ман, ягон инқилоб ва ноамнии ҷиддие ба вуҷуд намеояд.»

Бо вуҷуди ин ҳама ташвиқу ҷалби сармояи мардум аз роҳҳои мухталиф, бисёриҳо ба ин андешаанд, ки ҳукумати Тоҷикистон наметавонад, ваъдаи худ ба мардумро иҷро карда ва сохтмони нерӯгоҳи Роғунро такмил намояд. Назари шумо чист?

Анна Матвеева: “Мутаасифона, ман ҳам фикр мекунам, ки сохтмони нерӯгоҳи Роғун анҷом намешавад, зеро барои такмили он пули бисёр зиёд лозим аст, на он пуле, ҳукумат аз мардум бо ҳар роҳ меситонад. Яъне мисли замони шӯравӣ сохтани онро шурӯъ мекунанд ва бо умеди он ки дар оянда чизи дигаре хоҳад шуд, яъне аз ҷое пул меояд ва ё ягон кас пул медиҳад, ё сохтани он арзонтар меафтад. Аммо дар ниҳоят ин сохтмон мутаввақиф мешавад. Масъалаи Роғун бидуни пайдо кардани ягон сармоягузори ҷиддӣ ҳал нахоҳад шуд, аммо сармоягузорон ҳамон вақт ба Тоҷикистон меоянд, ки корхонаи тавлиди алюминийи Тоҷикистонро ба онҳо бидиҳанд.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG