Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафсилоти нави таркиш дар бемористони Луганск


Тибқи иттилоъи ахиран расида, бар асари таркиш дар бемористони шаҳри Лугански Украина ҳафт нафар ба ҳалокат расида, шаш нафар ҷароҳат бардоштаанд. Аз ин пештар хабар дода мешуд, ки дар ин ҳодиса 5 нафар кушта шудаанд. Ба иттилои вазорати ҳолатҳои изтирории Украина, айни ҳол дасти кам 22 нафар дар зери харобаҳо боқӣ мондаанд.
Юлия Тимошенко, сарвазири Украина, гуфт, ки таркиши кислород дар бахши эҳёгарии бемористон бар асари риоя нашудани тадобири амниятӣ рух додааст. Аз инфиҷор девору шифти ду ошёнаи бемористон фурӯ рехтанд.
Юлия Тимошенко баъд аз пахши хабар дар бораи ҳодиса ба таври оҷил а Луганск сафар кард. Барои тафтиши сабабҳои ҳодиса комиссиюни вижа таъсис шудааст. Додситонии Луганск хабар дод, ки дар робита ба таркиш парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
XS
SM
MD
LG