Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати чаҳор корманди як созмони хайрияи ироқӣ


Дар Бағдод чаҳор корманди як созмони хайрияи Ироқ ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи вазорати умури дохилаи кишвар, имрӯз дафтари ин созмон дар маҳаллаи Ал-Азимия аз сӯи афроди ношинос мавриди тирборон қарор гирифт. Вақте, ки кормандони хадамоти амният ба ҷойи ҳодиса расиданд, дар бино як бомб мунфаҷир шуд. Ҷузъиёти дигар дар бораи ин ҳодиса алҳол зери даст нест.
XS
SM
MD
LG