Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳуқуқшинос Cолеҳҷон Ҷӯраев мегӯяд, бархе аз додгустарони Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳо ғайримунсифона рафтор карда, ҳукми ноодилона мебароранд.

Вай мегӯяд, дар чунин ҳалномаҳо на қонун, балки дахолати афрод ва мақомот ё худсарии додгустари нақши калидӣ мебозад. Дар бархе аз мурофиаҳо, ба бовари Ҷӯраев, додгустарон зери фишори бевоситаи раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукм мебароранд.

Ба гуфти Ҷӯраев, ҳарчанд ҳангоми барраси парвандаҳо бегуноҳии афроди гумонбар бо далелҳо собит карда мешавад, боз ҳам додгустарон бо тасмимҳои иловагӣ, ҳукм мебароранд, ки ин ҳолатҳо хилофи қонунҳои амалкунанда мебошад. Вакили мудофеъ аз фаъолияти қозиҳои додгоҳи олӣ ва Ожонсии назорати молиявӣ шикоят кард ва гуфт, ин ниҳодҳо барои таҳкими мавқеи хеш аз минбари воситаҳои ахбори умум низ кор мегиранд.

Ҷӯраев дар ин маврид аз як намунаи мушаххас ном бурда, аз ҷумла гуфт: «Баъди бесасос рад кардани шикояти касатсионӣ аз тарафи Вазорати адлия ва 11 мутахассиси сохтмончӣ дар он бино беш аз 250 ҳазор сомони неву, беш аз 700 ҳазор сомонӣ сарф шудааст. Яъне дуздие нест. Ва тафтишоти Ожонсии зидди фасод дидаву дониста, кулли харҷи сохтмониро ба назар нагирифта, хароҷотро кам нишон додаанд. Ҷойи тааҷҷуб аст, ки сафри назар аз далелҳои собитшуда, раисикунанда зери фишори раиси Додгоҳи олӣ, ҳукм баровардааст».

Аммо Ҳазратулло Иброҳимов, ёвари раиси Додгоҳи оли айбмониҳои Ҷӯраевро комилан беасос хонда, меафзояд, додгоҳ шохаи мустақили хукумат буда, ҳеҷ ниҳоди дигар ҳаққи дахолат ба кори онро надорад. Ба гуфти Иброҳимов ҳоло ҳукми парвандае, ки Ҷӯраев зикр намуд, содир нашудааст. «Вақте ҳукм қувваи қонуни мегирад, баъд маълум мешавад, ки кадом тараф муғризона амал кардааст. Додгоҳҳо ҳуқуқи муғризона, рафтор карданро надоранд».

Яке аз далелҳои Солеҳҷон Ҷӯраев хукми додгоҳ нисбати парвандаи гурӯҳи 33-нафарии мансуб ба Низомхон Ҷӯраев, соҳиби пешинаи корхонаҳои спирт ва кимиёи Исфара ва вакили маҷлиси вилояти Суғд, мебошад.

Моҳи июни соли гузашта Додгоҳи олӣ ӯ ва чанд ҳамроҳашро бо ҳукми худ аъзои як иттиҳоди муташаккили ҷиноӣ номид ва дар фасоди моливу аз худ кардани маблағҳои бузурги давлатӣ ва бархеро дар куштори Толиб Бобоев – собиқ муовини додситони кулли Тоҷикистон гунакор хонд. Додгоҳи олӣ 31 нафар аз онҳоро ба мӯҳлатҳои аз 10 то 25 сол аз озодӣ маҳрум кард. Танҳо 2 нафар аз ин гурӯҳ, ки ба содири ҷиноятҳои иқтисодӣ муттаҳам мешуданд, бегуноҳ дониста шуда, аз толори мурофиа озод гаштанд. Дар пайи он Додситонии кулли Тоҷикистон ин ҳукми Додгоҳи олиро ғайримунсифона хонд ва талаб кард, то дар мавриди он таҷдиди назар сурат гирад. Вакилони мудофеъ ва пайвандони маҳкумшудагон ба мақомоти мухталиф шикоят бурда, бозбинии парвандаро тақозо карданд.

Ашӯрбой Имомов, ҳуқуқшисони ботаҷриба ба ин назар аст, ки сарчашмаи ҳамаи ин бебарориҳо ва коҳиш ёфтани эътимоди мардум нисбат ба таъмини адолат, ба фаъолияти дастнигаронаи додгоҳҳо марбут аст. Ба боварии ҳуқуқшинос, аввал ин ки додгоҳҳо мустақил нест, баъд фасод дар ин ҷо низ густариш ёфтааст.

Ақидаи Имомовро хуқуқшинос, Бахтиёр Назруллоев тасдиқ намуда, меафзояд: "Шукуров Насим чанд моҳ қабл, барои баёни озодии сухан 3 сол ҳукм гирифт. Ҳоло он ки ӯ ҷиноят содир накардааст ва танҳо барои ҳуқуқи худаш, садо бароварда буд. Вайро ғайриқонунӣ аз вазифааш озод карданд. Додгоҳ тӯҳмат карда, се сол ҳукм дод."

Дар Тоҷикистон чанд сол аст, барномае бо номи "Ислоҳот дар низоми додгоҳ" идома дорад, ки аз тарафи созмонҳои байнулмилалӣ ва махсусан Иттиҳоди Аврупо сармоягузорӣ мешавад. Ҳадаф аз он расидан ба истиқлолияти додгоҳ ҳамчун шохаи ҷудогонаи қудрат, тақсими мутаносиби вазифаҳои додгоҳ, додситонӣ ва вакилони медофеъ аст. Дар ҳоле ки дар баъзе аз равандҳо ин ислоҳот натиҷаҳои мусбат додааст, баҳс ва номуайянӣ дар кори додгоҳҳо ҳамоно идома дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG