Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бархӯрд дар марзи миёни Қирғизистон ва Узбакистон


Бар асари як бархӯрд дар марзи миёни Қирғизистону Узбакистон як сарҳадбони қирғиз маҷрӯҳ шуд. Ба иттилоъи Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, марзбонҳои кишвар дар шаҳраки Чек, воқеъ дар минтақаи марзии Момбеково, гурӯҳи сарҳадбонҳои кишвари ҳамсояро ошкор карданд. Ҳангоми пурсуҷӯ миёни марзбонҳои ду кишвар низоъ бархост, ки ба он шаҳрвандони Узбакистон ҳамроҳ шуданд ва сӯи марзбонҳои қирғиз санг андохтанд. Ба думболи ин марзбонҳои узбак сӯи низомиёни қирғиз оташ кушода як нафари онҳоро маҷрӯҳ карданд. Сарҳадбонҳои узбак марзбони маҷрӯҳи қирғизро бо худ бурданд. Барои тафтиши ҳодиса Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон гурӯҳи вижа таъсис дод, ки талош дорад то марзбонро ба ватан баргардонад.
Мақомоти Узбакистон то ҳол ин ҳодисаро ташреҳ накардаанд.
XS
SM
MD
LG