Пайвандҳои дастрасӣ

Шурӯъи ҳамкории Бағдод ва Брюссел дар бахши энерҷӣ


Ироқ ва Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди ҳамкории стратегӣ дар бахши энерҷӣ ба созиш расиданд. Дар як маросим дар Бағдод зери санади ҳамкории стратегӣ вазири нафти Ироқ Ҳусейн ал-Шаҳристонӣ ва комиссари Иттиҳодияи Аврупо оид ба энерҷӣ Андрис Пиебалгс имзо гузоштанд.
Иттиҳодияи Аврупо умедвор аст, ки Ироқ яке аз содиркунандагони газ дар тарҳи “Набукко” хоҳад буд. Тибқи ин тарҳ, гази Осиёи Марказӣ, бидуни убур аз хоки Русия, ба кишварҳои аврупоӣ интиқол дода мешавад.
XS
SM
MD
LG