Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Арзёбии нозирони байнулмилалӣ аз интихоботи Украина


Нозирони байнулмилалӣ изҳор намуданд, ки интихоботи президентӣ дар Украина бидуни қонуншиканиҳои ҷиддӣ гузашт ва мутобиқ ба меъёрҳои демократӣ буд. Владимир Шаповал, раиси Комиссиюни марказии интихоботии Украина низ гуфт, ки то ҳол аз нафаре аз довталабони мақоми раисиҷумҳур дар бораи қонуншиканиҳо аризаи шикоятӣ ворид нашудааст. Ӯ афзуд, ки баъд аз ҳисобу китоби 90 дар сади баргаҳои раъйдиҳӣ дар интихоботи президентӣ раиси Ҳизби минтақаҳо Виктор Янукович бо дарёфти тақрибан 36 дар сади оро пешсаф аст. Аз сарвазири кишвар Юлия Тимошенко айни ҳол тақрибан 25 дар сад пуштибонӣ кардаанд. Ҳарду онҳо мубориза барои курсии раисиҷумҳурро рӯзи 7 феврал, дар даври дуввуми интихобот, идома хоҳанд дод. 18 нафар, аз ҷумла, раисиҷумҳури феълӣ Виктор Юшенко, довталаби мақоми президенти Украина буданд. Зимнан, ба Юшенко ҳамагӣ тақрибан 5 дар сади интихобкунандагон овоз додаанду халос.
Дар раъйдиҳӣ 67 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй ширкат карданд.
XS
SM
MD
LG