Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз, 18-уми январ, миссияи нозирони интихоботии Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (БДИПЧ) барои назорат ба раванди баргузории интихоботи парлумонии моҳи феврал дар Тоҷикистон фаъолияти расмии хешро оғоз кард.

Артис Пабрикс, раҳбари ин ҳайат ва собиқ вазири корҳои хориҷаи Латвия, дар нахустин нишасти матбуотӣ ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе гуфт, бархе аз муқаррароте, ки дар қонуни интихоботи Тоҷикистон вуҷуд дорад, мухолиф ба қавонини кишварҳои узви САҲА аст. Аммо Пабрикс таъкид кард, ки демократия дар ҳар кишвари демократӣ ба таври хоси он кишвар густариш меёбад.

Ҳарчанд, ҳайати 17 нафараи нозирони интихоботии Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА, ки дар Тоҷикистон бо номи русии БДИПЧ (Бюро демократических институтов и прав человека) машҳур аст, миёнаҳои ҳафтаи гузашта вориди шаҳри Душанбе шуда буд, аммо фаъолияти расмии ин миссия рӯзи душанбе оғоз гардид. Артис Пабрикс, раҳбари ҳайат ва собиқ вазири хориҷаи Латвия, дар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон ҳадафи миссияи нозирони БДИПЧ-ро чунин шарҳ дод, «нозирони интихоботии БДИТЧ намояндагони 16 кишвари узви САҲА ҳастанд ва дар канори арзёбии муҳити умумӣ ва баргузории интихобот, ҳамчунин чаҳорчубаи ҳуқуқии баргузории интихобот, маъракаҳои ташвиқоти сиёсӣ, нақши ВАО, кори созмондиҳандагони интихобот ва раванди баррасии арзу шикоятҳоро пайгирӣ мекунад»

Афзун бар ин, дар рӯзи интихобот нозирон раванди райъдиҳӣ, ҳисоби баргаҳо ё бюлеттенҳо ва ҷамъбасти натиҷаҳоро назорат хоҳанд кард. Ба ин далел, қарор аст, ҳайат гузоришеро аз натиҷаҳои пешакии интихобот, як рӯз пас аз баргузории интихобот интишор хоҳад дод, аммо гузориши муфассали миссия тақрибан ду моҳ баъд аз ҷамъбасти ҷараёни интихобот нашр мешавад. Ин аст, ки то чанд рӯзи дигар 20 нозири дигар аз БДИПЧ барои дарозмуддат ба Тоҷикистон хоҳад омад.

Ҳамчунин, ин ниҳоди байнулмилалӣ ҳузури 150 нозири кӯтоҳмуддатро низ барои назорат дар рӯзҳои баргузории интихобот дархост кардааст. Дидору гуфтугӯ бо мақомоти давлатӣ ва додгоҳӣ, аҳзоби сиёсӣ, ҷомеаи маданӣ, номзадҳои интихобот ва намояндагони воситаҳои ахбори умум аз барномаҳои ҳайати нозирон аст. Ин дар ҳолест, ки ҳайат ҳамакнун танҳо бо вазири хориҷаи Тоҷикистон ва раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ин кишвар дидору гуфтугӯ кардааст.

Ба гуфтаи Артис Пабрикс, раҳбари миссияи нозирони БДИПЧ, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки миссия нав вориди Тоҷикистон шудааст, то ҳол арзу шикояте ба онҳо нарасидааст. Аммо, Пабрикс вуҷуди бархе аз талаботи интихоботӣ, аз ҷумла пардохти гаравпулӣ ва фориғуттаҳсили донишгоҳ будани фард барои номзад ба интихобот шуданро мушкиле ном бурд, ки ин меъёр дар қавонини интихоботии дигар кишварҳои узви САҲА вуҷуд надоштааст, «Барои мисол дар кишвари ман –Латвия чунин талаботи интихоботӣ дар қонун вуҷуд надорад. Дар тавсиаҳои САҲА, ки ҳанӯз пас аз баргузории интихоботи парлумонии соли 2005 интишор ёфта буд, ин нуктаҳо зикр шудааст».

Вале, бо ин ҳам Артис Пабрикс аз изҳори назар дар мавриди нуқсу камбудии қавонини интихоботи Тоҷикистон худдорӣ кард, вале, гуфт, танҳо интизор бояд шуд. Аммо чунин мавзеъгирии нозирони БДИПЧ – ро чи гуна метавон арзёбӣ кард? Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ дар посухи ин суол гуфт, «ин ҷо ҳадафҳои сиёсӣ аст. Чун онҳо ҳам ҳадафҳои дарозмуддат доранд ва ҳам кӯтоҳмуддат. Дар нисбати ҳадафҳои кӯтоҳмуддат, онҳо талош мекунанд ба таври оҳиста демократияро дар низомҳои маҳалли кишварҳо роҳандозӣ кунанд. Зеро медонанд, ки баъд ба чизе ноил нахоҳанд шуд. Аммо ҳадафҳои дарозмуддати онҳо ин аст, ки ҳар қадар ҷомеаи шаҳрвандӣ густариш ёбад, ҳамон қадар нуфузи онҳо низ дар ин ҷо барҷост».

Ҳамакнун, тибқи иттилоъи Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, интихоботи парлумонии ин кишвар аз сӯи 400 нозири байнулмилалӣ назорат хоҳад шуд. Зеро, ба гуфтаи масъулони ин ниҳоди интихоботӣ, бар иловаи САҲА, нозирон аз Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой низ барои назорат ба раванди баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистон даъват шудаанд. Интихоботи Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 28-уми феврали соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG