Пайвандҳои дастрасӣ

Бино бар натиҷаҳои пешакӣ, сабқатро дар интихоботи президентии Украина ду номзади он -- раҳбари мухолифон, Виктор Янукович ва нахуствазир, Юлия Тимошенко дар даври дувум идома хоҳанд дод.

Кумиссюни марказии интихоботии ин кишвар пас аз шумориши 77 дарсади оро мегӯяд, Янукович бо пуштибонии 37 дарсади интихобкунандагон пешсафаи ин сабқат аст ва Тимошенко бо 25 дарсади раъйҳо дар ҷои дувум қарор дорад. Аз номзадии собиқ раиси Бонки марказии Украина, Сергей Тигипко 13 дарсад ҳимоят кардаанд ва раисиҷумҳур Виктор Юшенко, ки дар инқилоби норанҷии соли 2004 пирӯзиро рабуда буд, танҳо наздики 5 дарсад раъй гирифт.
Шаҳрвандони мо ба тағйир ва дигаргунӣ раъй доданд. Онҳо рӯшан карданд, ки хостори тағйир ба сӯи беҳбуданд. Ин натиҷаи асосист...


Ба думболи раъйдиҳии рӯзи якшанбе, Тимошенко эълом дошт, ки дар роҳ ба сӯи пирӯзист ва ваъда кард, бо номзадҳое, ки аз сабқат хориҷ шуданд, гуфтушунид пеш хоҳад бурд, то тарафдорони онҳо дар даври дувум рӯзи 7-уми феврал аз Тимошенко ҳимоят кунанд.

Ду рақиби асосӣ -- нахуствазир, Юлия Тимошенко ва раҳбари мухолифон, Виктор Янукович, дар даври дувуми интихоботи президентии Украина барои ҳар яке аз раъйҳои тақсимшуда ба номзадҳои нокоми даври аввал мубориза хоҳанд бурд. Ба ақидаи аксари коршиносон, муҳорибаи байни онҳо аз ҳамаи маъракаҳои гузаштаи интихоботии Украина дида шадидтар хоҳад шуд ва ояндаву пайомади номуайян ба дасисаи он хоҳад афзуд.

Аз ҳоло ҳар яке аз номзадҳо ба пирӯзии худ изҳори эътимод мекунанд. Тимошенко гуфт, натиҷаҳои аввалия нишон медиҳанд, ки мардум хостори як Украинаи озоду демократиянд: "Имкониятҳои Янукович, ки аз доираҳои ҷиноӣ намояндагӣ мекунад, ба сифр баробаранд."

Рақиби ӯ, Янукович, ки панҷ сол пеш дар як интихоботи тақаллубомез пирӯз эълон гашта, дар эътирозҳои густарда аз саҳна хориҷ гашта буд, имрӯз эълон кард, ки Инқилоби норанҷӣ ба поён расид ва ин оғози ғалабаи ӯ дар дар даври дувум аст: "Шаҳрвандони мо ба тағйир ва дигаргунӣ раъй доданд. Онҳо рӯшан карданд, ки хостори тағйир ба сӯи беҳбуданд. Ин натиҷаи асосист."

Янукович, ки аз тарафи шарқи бештар русизабони Украина пуштибонӣ мешавад, бори дигар такрор кард, ҳама корро мекунад, то кишвараш узви НАТО нашавад. "Давлати украин аз ҳама гуна эътилофҳо берун хоҳад истод. Украина ҳаргиз ба ҳеҷ паймони ҳарбӣ шарик нахоҳад гашт. Ин назари мардуми украин аст ва бояд эҳтиром ва ба ҳисоб гирифта шавад."

Тимошенко, ки ҳамаи нокомиҳои Инқилоби норанҷии соли 2004-ро ба мудирияти бесалиқаи ҳамсафаш Юшенко нисбат медиҳад, ҳарчанд аз барномаи узвияти Украина дар НАТО ёд накард, гуфт: "Нерӯҳои демократии кишвар муттаҳид хоҳанд шуд. Мо ҳама корро мекунем, ки онҳо дар оянда аз як гиребон сар бароранд ва як овози қавие бошанд, ки кишварро ба сӯи тамаддуни аврупоӣ ҳаракат диҳанд."

Нуктае ки ду рақибро пайванд мекунад, зарурати тармими равобит бо ҳамсояи азими Украина -- Русия аст. Дар ҳоле ки Русия қаблан ба таври ошкоро аз Янукович пуштибонӣ мекард, ин бор талош дорад, ба ҳарду номзад муносибати ҳамсон дошта бошад. Аз ҷумла ба Тимошенко муяссар гаштааст, баҳсҳои шадид бо Маскав рӯи интиқоли газ ва пардохти нархи онро ҳал кунад.

Коршиносон мегӯянд, дар мубориза барои дастёфт ба раъйҳое, ки ба 16 номзади нокоми интихоботи рӯзи якшанбе дода шудаанд, Тимошенко имконияти бештар дорад, то Янукович, ки метавонад асосан коммунистҳо ва сотсиалистҳоро ба сафи тарафдорони худ даъват кунад.

Ҳамзамон бо шиддат ба даври дувум инчунин афзоиши тақаллуб ва хилофкориҳо низ нисбат дода мешавад. Ин бор ҳам аз бархе қонуншиканиҳо хабар дода шуд, аммо гуфта мешавад, онҳо хурду реза буданд ва ба натиҷаҳо таъсир накардаанд. Дар интихоботи рӯзи якшанбе ба сурати умум қариб 70 дарсади интихобкунандагон ширкат карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG