Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шурӯъи боз як мурофиаи додгоҳӣ алайҳи мухолифин


Дар Теҳрон мурофиаи додгоҳии панҷ тан аз ширкаткунандагони тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар рӯзҳои Ошуро шурӯъ шуд. Зимни саркӯбсозии ин тазоҳуроти ҷонибдорони мухолифин дасти кам 8 нафар ба ҳалокат расиданд. Ин нахустин мурофиаи додгоҳии ҷонибдорони мухолифин аст, ки садҳо нафарашон дар тазоҳуроти рӯзи Ошуро, рӯзи ёдбуди имом Ҳусейн, набераи паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммади мустафо, боздошт шуданд.
Мақомоти Эрон онҳоро дар робита бо гурӯҳи “Муҷоҳиддини халқ”, ки дар хориҷи кишвар фаъолият мекунанд, ва дар тавҳини Худо айбдор мехонанд. Гуфта мешавад, ки тибқи қавонини Эрон, муҷримон метавонанд маҳкум ба эъдом шаванд.
XS
SM
MD
LG