Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар бемористон мунҷар ба ҳалокати 5 кас шуд


Теъдоди қурбониёни таркиш дар бемористони шаҳри Лугански Украина ба панҷ нафар расид. Ба иттилои вазорати ҳолатҳои изтирории кишвар, дасти кам ҳафт нафари дигар дар зери харобаҳо боқӣ мондаанд. Тибқи иттилои пешакӣ, таркиши кислород дар бахши эҳёгарии бемористон бар асари риоя нашудани тадобири амниятӣ рух додааст. Аз инфиҷор девору шифти ду ошёнаи бемористон фурӯ рехтанд. Ҳангоми таркиш дар бемористон тақрибан 300 нафар мавриди муолиҷа қарор доштанд.
Сарвазири Украина Юлия Тимошенко ба ҷойи ҳодиса сафар кард. Барои тафтиши сабабҳои таркиш комиссиюни вижа таъсис шудааст.
XS
SM
MD
LG