Пайвандҳои дастрасӣ

Янукович ва Тимошенко - довталабони курсии президентӣ


Интихоботи раёсатҷумҳурии Украина баргузор шуд. Дар ин бора раиси Комиссиюни марказии интихоботии кишвар Владимир Шаповал расман изҳорот пахш кард. Ба гуфтаи ӯ, айни ҳол шумориши раъйҳо идома дорад. Баъд аз ҳисобу китоби 85 дар сади баргаҳои раъй раиси Ҳизби минтақаҳо Виктор Янукович бо дарёфти тақрибан 36 дар сади оро пешсаф аст. Аз сарвазири кишвар Юлия Тимошенко айни ҳол тақрибан 25 дар сад пуштибонӣ кардаанд. Ҳарду онҳо мубориза барои курсии раисиҷумҳурро рӯзи 7 феврал, дар даври дуввуми интихобот, идома хоҳанд дод.
18 нафар, аз ҷумла, раисиҷумҳури феълӣ Виктор Юшенко, довталаби мақоми президенти Украина буданд. Зимнан, ба Юшенко ҳамагӣ тақрибан 5 дар сади интихобкунандагон овоз додаанду халос.Дар раъйдиҳӣ 67 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй ширкат карданд.
XS
SM
MD
LG