Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Карзай: Тартибу низом дар Кобул барқарор шуд


Дар Кобул, ки субҳи рӯзи душанбе мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” ба чанд муассисаи ҳукуматӣ дар минтақаи наздик ба кохи раисиҷумҳур ҳамла карданд, тартибу низом барқарор гардид. Дар ин бора раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай хабар дод. Ба иттилоъи вазорати умури дохилаи Афғонистон, бар асари тирпарронӣ ва чанд инфиҷор дар маркази Кобул 9 нафар, аз ҷумла, чаҳор тан аз ҳамлагрон кушта шуданд. Дар ин ҳаводис тақрибан 40 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Гуфта мешавад, ки субҳи рӯзи душанбе тақрибан 20 тан аз мусаллаҳони толиб ба Кобул ҳамла кардаанд, ки миёни онҳо маргталабҳо низ буданд. Намояндаи “Толибон”, ки масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифтааст, ахиран эълом дошт, онҳо биноҳои ҳукуматии Афғонистонро ҳадафи ҳамла қарор додаанд.
Имрӯз дар Кобул бояд маросими савганди ҳукумати нав баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG