Пайвандҳои дастрасӣ

Бан Ки Мун: Заминларзаи Ҳаитӣ бӯҳрони бузурги башарист


Бан Ки Мун, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, заминларзаи Ҳаитиро яке аз бузургтарин бӯҳронҳои башарии даҳсолаҳои ахир номид. Ӯ рӯзи якшанбе аз ин кишвари воқеъ дар ҳавзаи Кариб дидан кард. Зимни суханронӣ дар Порт-о-Пренс Дабири кулли СММ гуфт, ки “ман дар он ҷоям, то бигӯям, ки мо бо шумоем. Шумо танҳо нестед. Кумак дар ҳоли расидан аст. Барои кишвари хурде чун Ҳаитӣ ин бадбахтӣ баробар ба тӯфон аст. Ин фалокати бузург ва бӯҳрони башарии бузург аст, ки ҳаҷми комили онро, ба вижа, дар манотиқи берун аз пойтахт, мо ҳанӯз намедонем".
Бан Ки Мун ба мардуми Ҳаитӣ ваъда кард, ки барои густариши амалиёти башарии ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои интиқоли маводи озуқаву дорувор талош хоҳад кард.
Гуфта мешавад, ки то ҳол теъдоди қурбониёни заминдарзаи мудҳиши рӯзи 12 январ дар Ҳаитӣ маълум нест. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки дар ин офати табиӣ дасти кам 50 ҳазор нафар ҷон бохтаанд. Тибқи иттилоъи ахир, ҷасади беш аз 20 ҳазор нафар аллакай ба хок супурда шудааст.
Ба иттилоъи СММ, айни ҳол тақрибан 2 миллион сокинони Ҳаитӣ ба кумаки фаврӣ ниёз доранд.
XS
SM
MD
LG