Пайвандҳои дастрасӣ

Баъди зиндон - хизмат дар артиш?


Муҳаммад Алӣ Оқча, шаҳрванди Туркия, ки 19 сол пеш ба ҷони Попи Рум Иоанн Павели 2 сӯиқасд карда буд, имрӯз зиндонро тарк намуд. Ин ҳодиса рӯзи 13 майи соли 1981 дар амйдони Петри муқаддаси Рум ба вуқӯъ пайваста буд ва сабабҳои даст ба ин сӯиқасд даст задани Алӣ Оқча то ҳол маълум нест. Бо вуҷуди он ки Попи Рум ӯро бахшид, вале Алӣ Оқча фақат баъд аз 19 соли зиндон аз Италия ба Туркия истирдод шуд ва дар он ҷо барои ҷинояти қаблан содир кардааш - куштори як хабарнигор барои 10 сол равонаи маҳбас гардид.
Муҳаммад Алӣ Оқча ҳоло 52 сол дорад ва гуфта мешавад, ки баъд аз раҳоӣ аз маҳбас ӯ ба артиши Туркия сафарбар хоҳад шуд, зеро дар ҷавонӣ дар артиш хизмат накарда буд.
XS
SM
MD
LG