Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рақобати нуфуз бар пояи боздошти як додситон


Додситонии кул мӯҳлати боздошти ёвари додситони ноҳияи Восеъро тамдид накард ва ин шахси муттаҳам бо ришваситонӣ бар ивази забонхат аз маҳбас раҳо гаштааст.

Музаффар Сафаров, сардори шӯъбаи раёсати оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ дар Кӯлоб, мегӯяд, Расул Рустамов, ёвари додситони ноҳияи Восеъ, рӯзи 30-декабри соли гузашта аз сӯйи кормандони оҷонсии зидди фасод ҳангоми гирифтани ришва дар ҳаҷми 950 доллари амрикоӣ тавассути миёнарав боздошт шудааст. Сафаров меафзояд, мувофиқи салоҳият оҷонсӣ тӯли се рӯз ёвари додситонро дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳ дошт, вале бо гузашти беш аз ним моҳ то ҳанӯз додситони кул иҷозаи боздошти расмии ӯро имзо накардааст.

Музаффар Сафаров: "Барои гирифтани иҷозат ба хотири ба маҳкамаи тафтишотӣ бурдани вай мо ба прокурори генералӣ муроҷиат намудем. Мутаассифона, муроҷиати чандинкаратаи мо дастгирӣ наёфт ва мо маҷбур шудем, чораи пешгирӣ дар намуди дастхат барои аз ҷои истиқомат набаромадан қарор қабул кунем. Ҳоло тафтишоти парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ӯ идома дорад ва пас аз анҷом ҳатман ба додгоҳ барои баррасӣ ирсол мегардад”.

Маҳмадсаид Насимов, додситони ноҳияи Восеъ, иттиҳом алайҳи ёварашро воқеӣ намешуморад. Ба фикри Насимов, боздошти Рустамов ба сӯйитафоҳумҳои ахири миёни оҷонси мубориза бо фасод ва додситонӣ бастагӣ дорад.



Маҳмадсаид Насимов: “Мусулмонем ҳамаамон. Рӯ ба қибла нишастаам, ҳарчанд ин ҷо масҷид нест, ки мо қасам бихӯрем. Дар маҷлиси фаврии рӯзи душанбе, ӯ омад, гуфт, ки шеф ман як маъракаи човандозӣ рафтам, ду одаме, ки дар ҷустуҷӯянд, дар он ҷо ба бузкашӣ машғуланд. Лек ин кас ба мақсаде рафта буд, ки бифаҳмад, ки ҳоло ҳамон ҷинояткорон ҳамон ҷо ҳастанд ё не. Байни мақомот ҳозир нофаҳмогиҳо шуда истодааст, ки ин оқибати хуб надорад.”

Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли кишвар, ҳам нороҳат аст, ки баъзе кормандони оҷонсии зидди фасод тавассути ҷинояткорон кормандони ҳифзи ҳуқуқ, аз он ҷумла додситонро ба ҷиноят таҳрик медиҳанд.

Бобоҷон Бобохонов: Вақте дузду одамкуш ҷиноят мекунад, на ин ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ, балки шаҳрвандон ҳам вазифадоранд, ки онҳоро ба органҳо таслим кунанд. Вале кормандони оҷонсии мубориза бо коррупсия дуздро бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ мефиристанд”.

Музаффар Сафаров, сардори шӯъбаи оҷонси зидди фасоди молӣ, дар минтақаи Кӯлоб ба изҳороти додситони кулл мувофиқ нест. Ӯ мегӯяд, онҳо корманди додситониро на дар ҷойи кораш, балки дар хонаи шахсе, ки дар ҷустуҷӯ қарор доштааст, ҳангоми гирифтани пора боздошт кардаанд. Вай мегӯяд, ҳатто боздоштшуда ба гуноҳи худ дар шакли хаттӣ иқрор шудааст ва онҳо барои ҳабси пешакии ёвари додситон далелҳои муътамаде рӯи даст доранд. Ба гуфтаи Сафаров, ёвари додситон, ки ҳоло берун аз зиндон аст, имкон дорад ба тафтиши қазия халали ҷиддӣ ворид намояд.

Сиёсатшинос Абдуғанӣ Мамадазимов, мегӯяд, чанде қабл дар натиҷаи як тағийроти қонунӣ Оҷонси зидди фасоди молӣ ҳаққи боздошти додситонҳоро низ пайдо намуд. Вай мегӯяд, имтиёзи бештар ба Оҷонси зидди фасоди молӣ дастнорасии додситонҳоро зери суол қарор дод. Аммо, ба гуфтаи ӯ, рақобати солим миёни ин ду ниҳод ба манфиати як ҷомеаи шаҳрвандист.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG