Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа пас аз бохти дуюм дар Ҷоми қаҳрамонони Ҷомеаи кишварҳои муштаракулманофеъ ва Балтик аз тими «Оқтеппа»-и Қазоқистон бо ҳисоби 0:2 аз идомаи мубориза барои Ҷоми Иттиҳод-2010 маҳрум шуд.

Бозии қаҳрамонони футболи Тоҷикистону Қазоқистон дар гурӯҳи «В» 17-уми январ дар маҷмаъаи варзишии «Динамо»-и шаҳри Маскав баргузор шуд. Ҳарду голро Кенжисариев дар дақиқаҳои 39-ум ва 47-уми бозӣ ба самар расонд.

Ҳайати «Вахш» дар бозии дуюм чунин буд: Юлдошев (Тӯйчиев,65), Сабуров (Хоҷамов, 82), Неъматов, Нуруллоев, Фатҳуллоев (Ҳакимов, 46), Шарифов (Қарабоев, 55), Сувонқулов, Содиқов, Хоҷаев (Норқулов, 70), Муҳиддинов (Усмонов, 46), Рабиев.

Ёдовар мешавем, ки «Вахш» дар бозии аввал низ аз дастаи «Боку»-и Озарбойҷон бо ҳамин ҳисоб - 0:2 шикаст хӯрда буд.

Бад-ин тартиб қаҳрамони футболи Тоҷикистон, ки бидуни имтиёз дар гурӯҳи «В» дар ҷои охирин қарор гирифтааст, новобаста аз натиҷаи бозии сеюмаш бо ХИК-и Финландия, аз ҳаққи ширкат дар даври чаҳорякниҳоӣ маҳрум гашт.

Исроил Шарифов, раиси бошгоҳи футболи «Вахш», ба радиои Озодӣ гуфт: «Ба футболбозони африқоӣ - ҳимоятгар Даниэл Тего ва ҳамлагар Дэвид Тетте, ки дар ҳайати «Вахш» ба Маскав сафар карданд, бинобар эътирози раҳбарони бошгоҳи «Дордой-Динамо», барои ширкат дар Ҷоми Иттиҳод иҷоза надоданд. Масъалаи бастани қарордоди бошгоҳи «Вахш» бо легионерҳои африқоӣ пас аз бозгашти мо аз шаҳри Маскав ва гуфтушунидамон бо раҳбарони бошгоҳи «Дордой-Динамо» ҳал хоҳад шуд».

Бозиҳои дигари гурӯҳи «В» бо чунин натиҷаҳо ба анҷом расиданд: «Оқтеппа» - ХИК – 0:1, «Боку» - ХИК – 0:0.

Мавқеъи дастаҳо дар гурӯҳи «В»: 1. «Боку» - 4 имтиёз. 2. ХИК – 4. 3. «Оқтеппа»- 3. 4. «Вахш» - 0.

Футболбозони Озарбойҷон, Финландия ва Қазоқистон барои ду роҳхат ба даври чаҳорякниҳоӣ мубориза мебаранд. Дар даври охирини сабқати гурӯҳӣ 19-уми январ дар маҷмаъаи варзишии «Динамо» дастаҳои «Вахш» ва ХИК, дар МВ «Олимпийский» тимҳои «Боку» ва «Оқтеппа» бо ҳам рақобат хоҳанд кард.

Се даста – «Бунёдкор»-и Тошканди Узбакистон, «Динамо»-и Киеви Укроин ва МТТУ-и Ишқободи Туркманистон, сарфи назар аз натиҷаи бозиҳои охирини гурӯҳӣ, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтанд. Барои 5 роҳхати дигар 8 даста талош хоҳанд кард. Вале дастаҳои «Дордой-Динамо»-и Норини Қирғизистон, «Левадия»-и Таллинни Эстония, «Пюник»-и Еревани Арманистон ба мисли «Вахш» аз идомаи мубориза барои Ҷоми Иттиҳод-2010 маҳрум шуданд.

Натоиҷи бозиҳои гурӯҳҳои дигар:
Гурӯҳи «А» - «Рубин» (Русия) – «Металлург» (Латвия) – 0:1,
«Днепр» (Беларус) – «Дордой-Динамо» (Қирғизистон) – 3:1,
«Рубин» - «Дордой-Динамо» - 2-0,
«Днепр» - «Металлург» - 4:3.

1. «Днепр» - 6. 2. «Рубин» - 3. 3. «Металлург» - 3. 4. «Дордой-Динамо» - 0.

Гурӯҳи «С» - «Динамо» (Укроин) – мунтахаби бошгоҳҳои Русия - 1:0,
«Левадия» (Эстония) – МТТУ (Туркманистон) – 1:3,
«Левадия» - «Динамо» - 0:1,
МТТУ - мунтахаби Русия – 2:4.

1. «Динамо» - 6. 2. Мунтахаби бошгоҳҳои Русия - 3. 3. МТТУ - 3. 4. «Левадия» - 0.

Гурӯҳи «D» - «Экранас» (Литва) – «Пюник» (Арманистон) - 2:0,
«Дачия» (Молдова) – «Бунёдкор» (Узбакистон) – 0:1,
«Дачия» - «Экранас» - 0:0,
«Пюник» – «Бунёдкор» - 2:3.

1. «Бунёдкор» - 6. 2. «Экранас» - 4. 3. «Дачия - 1. 4. «Пюник» - 0.

Тақвими бозиҳои охирини сабқати гурӯҳӣ
19 –уми январ, МВ "Динамо"
ХИК–"Вахш". 13.00
Мунтахаби бошгоҳҳои Русия – «Левадия». 15.00
«Бунёдкор» - «Экранас». 17.00
«Металлург» - «Дордой-Динамо». 19.00

МВ "Олимпийский"
«Оқтеппа» – «Боку». 13.00.
МТТУ – «Динамо». 15.00
«Пюник» - «Дачия». 17.00
«Рубин» - «Днепр». 19.00

20-уми январ, 1/4 финал
МВ "Олимпийский
Ғолиби гурӯҳи "Д" –ҷои 2-юми гурӯҳи "С". 13.00.
Ғолиби гурӯҳи "В" – ҷои 2-юми гурӯҳи "А". 15.00.
Ғолиби гурӯҳи "С" – ҷои 2-юми гурӯҳи "Д". 17.00.
Ғолиби гурӯҳи "А" – ҷои 2-юми гурӯҳи "В". 19.00.

22-юми январ, 1/2 финал
МВ "Олимпийский"
Бозии аввали нимфиналӣ. 16.00.
Бозии дуюми нимфиналӣ. 19.00.

24 -уми январ
МВ "Олимпийский"
ФИНАЛ. 15.00.
XS
SM
MD
LG