Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оё замон ва рушди иқтисодӣ ба рушди қишри миёнаҳоли аҳолӣ мусоидат мекунад?


Дар ин солҳо дар Чину Ҳинд, дигар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, як қисми Амрикои Лотинӣ ва баъзе кишварҳои собиқ Шӯравӣ қишри нави бозаргон ба вуҷуд омад, ки бино ба меъёрҳои маҳаллӣ, баъд аз пардохти тамоми масрафи ғизову манзил сеяки даромадашонро барои ниёзҳои иловагии шахсӣ сарф мекунанд.

Ҷон Паркер, хабанигори маҷаллаи «Экономист» мегӯяд: “Онҳо рӯзе аз ду то даҳ доллар кор мекунанд. Шуморашон дувуним миллиард нафар аст ва ин беш аз нисфи аҳолии ҳамаи бозорҳои дар ҳоли рушдро ташкил медиҳад. Дар Ғарб чунин нафаронро касе қишри миёна намешуморид, аммо ба назари ман, онҳо қишри миёнаҳоли бозорҳои дар ҳоли рушданд.”

Паркер мегӯяд, дар ду соли ахир аксарияти аҳолии ҷаҳони дар ҳоли рушд ба ин қишри нави миёна табдил гашт. Дар ҳоле, ки соли 1990 он ҳамагӣ 33 дарсади аҳолии он кишварҳоро ташкил медод.

Албатта, пешрафт дар як кишвар аз дигараш фарқ мекунад. Синфи нав дар Чину Ҳинд, барои мисол, бо шарофати ҷаҳонишавии иқтисод рушд кард, вале дар кишварҳое, чун Русияву Қазоқистон ба маҳзи афзоиши бесобиқаи нархи нафту газ ва содироти маводи сӯхт рушд кард.

БА ДУМБОЛИ САРВАТ


Умед аст, ки афзоиши қишри миёна ҳамчунон идома ёбад. Вале дар ин росто саволе матраҳ мешавад, ки ин қишр дар оянда пеши худ чӣ аҳдофе мегузорад? Оё ин қишри нав ба тавсеъаи демократия мусоидат хоҳад кард? Ё ин ки онҳо низ ба ҳомиёни низомҳои худкома табдил хоҳанд ёфт?

Дар минтақаи АвруОсиё, ки даҳсолаҳоро таҳти султаи Шӯравӣ ба сар бурд, ин суол ба гузаштаи ин кишварҳо бармегардад. Ағлаби таҳлилгарони ин минтақа мегӯянд, қишрҳои тозапайдошуда дар ин кишварҳо аксаран хислатҳои башардӯстонаи қишри миёнаи Ғарбро надоранд.

Дар Ғарб, башардӯстӣ ва саховатмандии қишри миёна зербинои фаъолиятҳои иҷтимоиро ташкил медиҳад, шурӯъ аз таъсиси бунёдҳои
"Ба шаҳрвандон машварат дода мешавад, ки ба тиҷорат машғул шуда, ба сиёсат даст назананд. Тарафдорони капитализми автократӣ мегӯянд, чунин низом суботи иҷтимоиро таъмин ва ба рушди иқтисод мусоидат мекунад."
имдодӣ то ба ташкили аҳзоби ҳифзи муҳити зист. Аммо дар ҷаҳони дар ҳоли рушд барои онҳое ки миёни қишри нодор ва сарватмандон ҷойгир шудаанд, ҳадафи асосӣ ба даст овардани сарвати бештар ва аз ин роҳ таъмин кардани амнияти молии онҳост.

Дар ағлаби кишварҳои собиқ Шӯравӣ барномаҳои башариву иҷтимоӣ ба ниҳодҳои давлатӣ ҳавола шудааст. Ин раванд дар Русия махсусан бештар ба чашм мехӯрад. Соли 1996, ҳамагӣ чанд сол баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ дар ин ҷо зуҳури созмонҳои хусусии башариву имдодӣ мушоҳида мешуд. Аммо баъди сари қудрат омадани Владимир Путин аксари чунин созмонҳо баста шуданд. Кремл ба корхонаҳои хусусие, ки бо Ғарб робитаи наздик доштан, бо нигоҳи шубҳа менигарист. Назорати ин корхонаҳо аз ҷониби давлат низ тақвият дода шуд. Фалсафаи Путин ин аст, ки Русия кишвари нерӯманд аст ва худ метавонад ғами шаҳрвандонашро хӯрад. Ба ҳамин хотир, ягон эҳтиёҷ ба ташвиши “шаҳрвандони ғамхор” вуҷуд надорад.Дар натиҷа дар Русия шумораи бюрократҳо аз нав ба сурати бесобиқа афзуд.

Таҳлилгар Дмитрий Орешкин: “Ҷаноби Гризлов, раиси Думаи давлатӣ, дар ҳамоиши ҳизби Русияи воҳид шикоят кард, ки дар ҳашт соли гузашта бюрократияи мо ҳар сол ба 100 ҳазор нафар меафзояд. Вай гуфт, ки ин ҳашт сол 800 ҳазор бюрократи иловагӣ пайдо шуд ва дар натиҷа имрӯз шумораи бюрократҳо дар Русия ҳатто аз даврони Иттиҳоди Шуравӣ бештар шудааст. Ва ин дар навбати худ натиҷаи бунёди амуди қудрат мебошад.”

ПАЙВАНД БО РЕЖИМ

Тақвияти давлат аз ҷониби Путин як падидаи бесобиқа нест ва қариб дар тамоми кишварҳои собиқ Шӯравӣ мушоҳида шуда, онро капитализми автократӣ ҳам меноманд. Дар капитализми автократӣ давлат идораи манобеи калидӣ ва хадамоти иҷтимоиро таҳти назорати худ мегирад. Дар интихобот танҳо ҳизбҳое ширкат мекунанд, ки намехоҳанд вазъи мавҷударо вайрон кунанд ва ба шаҳрвандон машварат дода мешавад, ки ба тиҷорат машғул шуда, ба сиёсат даст назананд. Тарафдорони капитализми автократӣ мегӯянд, чунин низом суботи иҷтимоиро таъмин ва ба рушди иқтисод мусоидат мекунад. Ба вижа дар замони бӯҳрони молӣ.

Баъзе муаррихон имрӯз капитализми автократиро ҳатто рақиби аслии мафкураи ғарбии демократия ва бозори озод мешуморанд. Муаррихи бритониёвӣ аз Донишгоҳи Оксфорд Тимоти Гартон Эш мегӯяд, барои нахустин бор аз соли 1989 капитализми демократӣ рақиби аслиро пайдо кард ва ин ҳам капитализми автократии навъи Русия ва Чин мебошад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG