Пайвандҳои дастрасӣ

Бартарии Янукович ва Тимошенко тасдиқ мешавад


Натоиҷи шумориши то ҳол анҷомшудаи интихоботи раёсатҷумҳурии Украина ҳокист, ки ба даври дуввум ва ниҳоии интихобот Виктор Янукович ва Юлия Тимошенко роҳ хоҳанд ёфт. Куммиссиюни марказии интихобот бар пояи шумориши 25 дарсади оро гуфт, ки Янукович феълан 38 ва Тимошенко 24 дарсади ороро ба даст овардаанд. Раиси собиқи Бонки миллии Украина Серҳий Тиҳипко феълан 12 ва раисиҷумҳури кунунии Украина Виктор Юшенко ҳамагӣ наздики 5 дарсад дар даст доштаанд. Назарсанҷиҳои дар рӯзи раъйгирӣ анҷомшуда низ ба бартарии Янукович ва Тимошенко таъкид мекарданд.
XS
SM
MD
LG