Пайвандҳои дастрасӣ

Бан Гӣ Мун зилзилаи Ҳаитиро ҷиддитарин бӯҳрон хонд


Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун дар ҷараёни боздидаш аз кишвари зилзилазадаи Ҳаитӣ, ин заминларзаро, ки ҷони даҳҳо ҳазор нафарро гирифт, “яке аз ҷиддитарин бӯҳронҳои башарии даҳсолаҳои охир” номид. Бан Гӣ Мун аз мардуми Ҳаитӣ даъват кард, то замони расидани кӯмакҳои байналмилалӣ сабру тоқатро аз даст надиҳанд. Бан Гӣ Мун қаблан гуфта буд, ки СММ қасд дорад то як моҳи дигар 2 миллион нафарро дар Ҳаитӣ бо ғизову кӯмак таъмин кунад. Зимни боздидаш аз пойтахти Ҳаитӣ Бан Гӣ Мун аз қароргоҳи дар натиҷаи зилзила тахрибшудаи СММ низ дидан кард. Ҳудуди 40 корманди ин дафтар низ дар ин офати табиӣ ҳалок шуданд.
XS
SM
MD
LG