Пайвандҳои дастрасӣ

Алӣ Оқча имрӯз аз зиндон озод мешавад


Интизор меравад, шаҳрванди Туркия Муҳаммад Алӣ Оқча, ки дар натиҷаи як сӯъиқасд дар соли 1981 попи вақти Рум Иоан Павели дуввумро шадидан захмӣ карда буд, имрӯз аз зиндон раҳо шавад. Оқчаи 52-сола феълан дар зиндоне дар наздикии Анкара, пойтахти Туркия ба сар мебарад. Вакили мудофеъи ӯ Ҳоҷӣ Алӣ Ожан гуфт, Оқча дар пайи раҳоӣ дар як бемористони низомӣ муоинаи тиббӣ хоҳад шуд.
Оқча, ки узви созмони ростгарои “Гӯргони бӯр” буд, ҳанӯз дар синни 23-солагиаш дар таърихи 13 майи соли 1981 ба ҷони попи Рум қасд карда буд. То кунун иллати он сӯъиқасд рӯшан нашудааст. Попи Рум Иоан Павели ду ӯро бахшид, вале Оқча танҳо баъд аз 19 соли зиндон аз Итолиё ба Туркия мустарид шуд. Додгоҳи Туркия ба дунбол Алӣ Оқчаро бо ҷурми куштани як хабарнигор дар соли 1979 ба 10 соли зиндон маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG