Пайвандҳои дастрасӣ

Пуштибонии ронандагон аз тамғаи расвошудаи Saab


Беш аз 2 000 ронандаи мошинҳои Saab бо мошинҳои худ ба маҳалли тавлиди ин навъи мошинҳо дар Шветсия рехтанд, то пуштибонии худ аз ин тамғаи маъруфро ба намоиш бигузоранд. Ширкати амрикоии General Motors баъди ду даҳсолаи соҳибӣ бар корхонаи мошинсозии Saab эълон кард, ки азбаскӣ Saab дигар фоида намеорад, аз баҳри ин тамға мегузарад. Вале коргарони Saab ҳамроҳ бо дӯстдорони ин навъи мошин аз Олмону Дания, Ҳолланду Норвегия ва Бритониё дирӯз ба хотири эътироз ба ин тасмими General Motors ба шаҳри шведии Троллҳаеттан сарозер шуданд.
XS
SM
MD
LG