Пайвандҳои дастрасӣ

Парлумони Афғонистон барои як моҳ таътил гирифт


Парлумони Афғонистон такмили кобинаи вазирони Ҳомиди Карзайро ба поён нарасонда, ба таътил рафт. Сухангӯи Вулусӣ Ҷирга Ҳасиб Нурӣ гуфт, вакилон аз 18 январ то 20 феврал таътил мегиранд. Парлумон тайи як моҳи охир ду дафъа ағлаби номзадҳо ба узвияти кобинаи ҷадиди вазирони Афғонистонро радди салоҳият кард. Сухангӯи раисиҷумҳур Ваҳид Умар гуфт, ки Ҳомиди Карзай феҳрасти 11 номзади боқӣ ба кобинаро баъди бозгашти вакилони парлумон аз таътил ироа хоҳад кард.
Вулусӣ Ҷирга то ҳол танҳо 14 вазир аз 25 курсии вазорат дар кобинаи навро тасвиб кардааст.
XS
SM
MD
LG