Пайвандҳои дастрасӣ

Пуштибонии Амрико аз тарҳи мусолиҳа бо ҷангиён


Амрико гуфт, аз тарҳе ки ҷангиёни толибро ба қатъи муқовимат ва бозгашт ба ҳаёти мулкӣ дар ҷомиаи Афғонистон ташвиқ мекунад, пуштибонӣ мекунад. Фиристодаи хоси Амрико дар умури Афғонистону Покистон Ричард Ҳолбрук гуфт, ин барномаи давлати Афғонистонро бо раиси он ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай баррасӣ кардааст. Ин барнома ироаи ҷойҳои корӣ, давраҳои омӯзиши касб ва як силсила имтиёзоти молиро барои даҳҳо ҳазор ҷангиёни қаттории толиб пешниҳод мекунад.
XS
SM
MD
LG