Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боз як ҳукми қатли "Алии Кимиё"


Додгоҳи Ироқ мушовири бадноми давлати Саддом Ҳусейн – Алӣ Ҳасан ал-Маҷид, мулаққаб ба “Алии Кимиё”-ро бо ҷурми ҳамла бо газҳои заҳролуд болои шаҳри умдатан курднишини Ҳалабҷо ба қатл маҳкум кард. Бар асари он ҳамла, ки пурқурбонитарин ҳамлаи газӣ алайҳи мардуми ғайринизомӣ маҳсуб мешавад, ҳудуди 5000 нафар кушта шуданд. “Алии Кимиё” барои ваҳшониятҳояш дар аҳди Саддом Ҳусейн алакай се дафъа маҳкум ба қатл шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, Тариқ Азиз, муовини сарвазири Ироқ дар аҳди Саддом, аз як хунрезии мағзӣ ҷон ба саломат бурда, рӯзи панҷшанбе барои табобат аз маҳбас ба як бемористони низомии Амрико дар Бағдод мунтақил шудааст.
XS
SM
MD
LG