Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарсанҷиҳо - ҳокии пирӯзии Янукович ва Тимошенко


Натоиҷи назарсанҷиҳои дар рӯзи интихоботи раёсатҷумҳурии Украина анҷомшуда ҳокист, ки ба даври дуввум ва ниҳоии интихобот Виктор Янукович ва Юлия Тимошенко роҳ хоҳанд ёфт. Янукович, бино бар назарсанҷиҳо, дар раъйгирии дирӯза 31,5 дарсад ва хонум Тимошенко 27,2 дарсад раъй ба даст овардаанд. 16 довталаби дигар, бо шумули раисиҷумҳури феълии Украина Виктор Юшенко раъйи хеле камтар гирифта, ғолибан аз ҳаққи ширкат дар даври дуввум маҳрум мешаванд.
Юлия Тимошенко барои музокирот бо номзадҳои шикастхӯрда изҳори омодагӣ карда, гуфтааст, интизор дорад, ки рӯзи 7 феврал дар даври дуввум пирӯз шавад. Янукович низ гуфтааст, мутмаин аст, ки даври дуввумро ӯ хоҳад бурд.
XS
SM
MD
LG